Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ

Бинанда: 1591 | Санаи нашр: 02 Октябр 2020

Забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлатию сиёсии мо ба ҳисоб меравад. 

Эмомалӣ Раҳмон

2-юми октябри соли 2020 бо саъю кӯшиши омӯзгорони забони тоҷикии кафедраи забонҳо ва литсейи донишгоҳ семинари илмӣ-назариявӣ ба муносибати  “Рӯзи забони давлатӣ” баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳира Абророва, сардори раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ Акрамов Ф.М., омӯзгорону донишҷӯён ва хатмкунандагони литсей  иштирок намуданд.

Семинарро Акрамов Ф.М. оғоз намуда, суханро ба Соҳира Абророва  доданд. Номбурда ҳозиринро ба муносибати  Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, нигоҳ доштани асолати забони модариро ба ҷавонон ташвиқ намуданд.

Сипас, дотсенти кафедраи забонҳо Нодирӣ С.Ҳ. зери унвони “Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?” маърузаи пурмуҳтаво карда, доир  ба таърихи забони тоҷикӣ ва хидмати фарзандони баруманди миллат барои пойдорию асолати он ибрози назар намуд.

Дотсенти кафедра  Зебо Абдулазизова  низ дар мавзӯи “Усмон Карим ва нақши он дар таҳаввули забон ва адабиёти тоҷик” суханронӣ намуда, нақши профессор Усмон Каримро дар рушду такомули забон ва омодагардонии  забоншиносону адабиётшиносони ҷавон муассир донистанд.

Ҳамчунин, як гурӯҳ донишҷӯёни курси якуми факултети МИБ ва ҳуқуқ ва хонандагони литсей дар васфи забон,  модар ва меҳан шеър қироат карданд.

Дар поёни анҷуман Файзалӣ Акрамов ба намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳот барои нутқи пурмазмун ва ба ҳайати кумитаи тадорукот барои ташкил кардани чунин як барномаи ҷолибу шавқовар изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Кафедраи забонҳо

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top