Уфуқҳои нави ҳамкорӣ

Бинанда: 1813 | Санаи нашр: 25 Декабр 2019

21-уми декабри соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ вохӯрии муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илми иқтисодӣ Қодирова Заррина Ҳалимовна, муовини якуми ректори Донишгоҳи кооператсия, иқтисод ва ҳуқуқи шаҳри Белгороди Федератсияи Россия Елизавета Тарасова, муовинни мудири кафедраи маркетинг ва менеҷмент, номзади илми иқтисодӣ Мария Ледовская бо омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар донишгоҳ мизи мудаввар бо иштироки мудири кафедраи маркетинг ва менеҷменти донишгоҳи зикршуда, доктори или миқтисодӣ, профессор Ирина Раздолская ва декани факултети тиҷорат ва гумрук, доктори илми иқтисодӣ Мунаввар Саидова бо омӯзгорону донишҷӯён доир гардид.

Елизавета Тарасова ва Ирина Раздолская доир ба донишгоҳи худ, салоҳиятнокӣ, менеҷмент ва маркетинг, рушди корҳои илмӣ, истифодаи босамари усули интерактивӣ, фаъолияти маҳфили “Менеҷерҳо” ва дигар масоили муҳим ибрози андеша карданд.

 

 

Мунаввар Саидова дар идомаи ҳамоиш перомуни пешбурди корҳои илмӣ, маҳфили “менеҷер ва маркетологҳо”, истифодаи усули интерактивӣ, тарзи ҳаёти солим, инноватсия ва рақобатпазирӣ суханронӣ намуда, пешниҳод крад, ки дар байни ду донишгоҳ табодули академии омӯзгорону донишҷӯён ҷоннок карда шавад.

Ҳамчунин, аз ҷониби Елизавета Тарасова ва Ирина Раздолская ба омӯзгорону донишҷӯёни фаъол сертификат супорида шуд.

 

Дар фарҷом Заррина Қодирова ба намояндагони Донишгоҳи кооператсия, иқтисод ва ҳуқуқи шаҳри Белгороди Федератсияи Россия барои суханронии пурмуҳтавою судманд изҳори сипосу ризоият намуда, таъкид кард, ки дар оянда ҳамкориҳои ҳар ду донишгоҳ боз ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top