22- юми ноябри соли 2019 дар толори диссертатсионӣ донишгоҳ бо кӯшиши аъзои кафедраи забонҳо семинари илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Нақши забон дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст Ҳамидуллохон Фақеров бо сухани муқаддимавӣ ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, доир ба нақши муҳимми забон дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша кард.
Сипас мудири кафедраи забонҳо Турди – Аханова И.А. иштирокдорони семинарро хайрамақдам гуфта, суханро ба донишҷӯи курси 3- юми ихтисоси 250104 Шаҳноза Темурзода вогузор кард. Мавсуф дар мавзӯи «Парчамат бодо парафшон» бо забони англисӣ андешаронӣ карда, зикр намуд, ки арҷгузорӣ ба парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боло рафтани ҳисси худшиносию ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонони кишвар мусоидат мекунад.
Донишҷӯи курси 4 – уми ихтисоси 250103 Абдусалим Шарофиддинов доир ба дастовардҳои кишвар дар панҷ соли охир ба забони англисӣ маълумоти муфассал доданд.
Дар мавзӯи рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ донишҷӯёни курси дуюми гурӯҳи англисии ихтисоси 250103 як саҳнаи хурди ҳаҷвӣ намоиш доданд.
Дар идомаи ҳамоиш Манижа Ҳакимӣ дар мавзӯи «Нақши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боло бурдани зиндагии мардуми кишвар» суханронӣ намуд.
Дар фарҷом сарвари донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. таъкид намуд, ки гузаронидани чунин ҳамоишҳо дар боло бурдани ҳисси худшиносию меҳандӯстӣ ва ватанпарастии ҷавонон аҳамияти афзун дорад.
Шуъбаи робита бо ҷомеа