Таъмин намудани пешрафти иқтисодиёти ҳар як кишвар бо устувории қобилияти харидории пули миллӣ, муомилоти пул ва фаъолияти дурусти бонкҳо алоқамандӣ дорад.
Дар робита бо ин кафедраи фаъолияти бонкии донишгоҳ санаи 29 – уми октябри соли 2019 дар бинои таълимии №7 семинари илмӣ – назариявиро таҳти уновни «пули миллӣ – рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллат» баргузор намуд.
Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра Ниёзов Ш.Х. дар бораи пули миллӣ сухан ронда, мавқеи онро дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият, аз ҷумла истеҳсолот ва тиҷорат муҳим арзёбӣ намуд. Сипас Раиси кумитаи молия, буҷет ва андози Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Пули миллӣ: зарурият ва моҳияти он» маърӯзаи пурмазмун намуд.
Муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ Ҷӯрахон Бобоев бошад, дар мавзӯи «Мавқеи пули миллӣ дар таъмин намудани рушди иқтисодиёти кишвар» суханронӣ карда, андешаҳои ҷолиб баён намуд. Баъд аз шунидани маърӯзаҳо байни устодон ва донишҷӯён атрофи пули миллӣ, таърихи пайдоиши он, ислоҳоти пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои устуворгардонии қобилияти харидории пули миллӣ, мавқеи пули миллӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, таваррум, муомилоти пулӣ, танзими миқдори пул, вазифаҳои низоми бонкӣ суҳбати илмӣ ҷараён гирифт.
Дар хотимаи семинар профессори кафедраи назарияи иқтисод Бобокалон Исоматов андешаҳояшро доир ба алоқамандии пули миллӣ бо низоми бонкии кишвар баён намуд. Аз чеҳраҳои ҳар як иштирокчии чорабинӣ ҳувайдо буд, ки аз семинари имрӯза доир ба пули миллӣ маълумоти кофӣ пайдо карданд.
Шуъбаи робита бо ҷомеа