Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шодию хурсандии ҳайати омӯзгорону профессорон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ шодии нав зам гардид.
Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2019, №2 (фармоиши №41 /д.и. аз 05.03.2019) ба Шаропов Фарҳод Разоқович дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ дода шуд.
Раёсат, ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ Фарҳод Разоқовичро ба муносибати шарафёб гардиданаш ба дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ шодбош гуфта, ба ӯ дар фатҳи қуллаҳои навбатии илм ва саҳмгузорӣ дар рушди илми ватанӣ барору комёбиҳо тамано доранд.
Шуъбаи робита бо ҷомеа