Нақши бузурги иқтисодию стратегии «Роғун»

Бинанда: 1936 | Санаи нашр: 15 Ноябр 2018

15-уми ноябри соли 2018 бо ибтикори роҳбарият ва аъзои кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи “Бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”– ояндаи дурахшони Тоҷикистон” баргузор гардид.

Нахуст мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Зулфия Курбонова перомуни аҳамияти бузурги сиёсию иқтисодии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барои Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, аҳли нишаст ва дар симои онҳо ҳамаи мардуми шарифи кишварро ба муносибати мавриди истифода қарор додани чархаи якуми ин иншооти муҳими стратегӣ самимона табрику шодбош гуфт.

   

Дар идомаи ҳамоиш дотсенти кафедраи мазкур Ғулом Хоҷаев дар бораи аҳмияти муҳими иқтисодию стратегии иншооти бузурги миллию давлатӣ – Кохи нуру рӯшноии “Роғун” ироаи афкори арзишманди илмӣ намуд.

Пас аз суханронии пурмуҳтавон устодони кафедра, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 25010407 Баротов Н. ва донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 230101 Мирова М. дар мавзӯъҳои “Ҷабҳаҳои иҷтимоию иқтисодии сармоягузорӣ ба соҳаи гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчун иншооти бузурги аср” суханронӣ карда, оид ба истиқлолияти энергетикии мамлакат, бунёди нерӯгоҳои хурду миёна ва бузург, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии кишвар, рушди муназзами соҳаи гидроэнергетика, хидматҳои мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати бунёди нуристони “Роғун”, иншооти бузурги давлатию миллӣ шуморидани он ва соҳиби давлати демократию ҳуқуқбунёд будани миллати тоҷик андешаҳои судманд баён намуданд.

Ҳамчунин, донишҷӯён Сафарова М, Раҳмонова Л, Ошӯрова Ш, Дӯстов Б, Холёрова А, Мансур А, Мелод В. ва Давлатова А маърӯзаҳои худро дар мавзӯи мазкур ба таври мухтасар дар тахтаи электронӣ ба ҳозирин пешниҳод карданд.

Дар анҷоми нишаст Зулфия Қурбонова ба устодону донишҷӯён барои иштироки фаъолона ва пурмазману шавқовар гузаронидани маҳфил, ки боиси боло рафтани худшиносию ифтихори миллӣ ва эҳсоси меҳанпарастии ҷавонон мегардад, изҳори сипос намуд. 

   

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top