(дар ҳошияи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии сулҳ
ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 - 2036)
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои сиёсӣ, таҳдидҳои амниятӣ ва мушкилоти гуманитарӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи таҳкими сулҳ ба яке аз афзалиятҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфтааст. Дар чунин вазъ қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, аҳаммияти бузурги сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва башардӯстона дорад.
Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он сулҳ, ҳамкорӣ, эътимод ва рушди устувор ҳамчун арзишҳои умумибашарӣ муаррифӣ мешаванд.
Қатъномаи қабулшуда дар асоси ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳия гардида, ба таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо, густариши муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо равона шудааст.
Эълон гардидани солҳои 2027 - 2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати гузариш аз фарҳанги низоъ ва фишороварӣ ба фарҳанги сулҳро ҳамчун шарти асосии рушди устувор эътироф намудааст.
Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда таваҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои зерин равона карда мешавад:
• таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ;
• рушди фарҳанги сулҳ ва таҳаммулпазирӣ;
• густариши муколама ва дипломатияи пешгирикунанда;
• иштироки фаъоли ҷавонон, занон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими сулҳ;
• ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда ҳангоми қабули қарорҳои сиёсӣ.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ баромад намудааст. Агар ташаббусҳои пешина бештар ба масъалаҳои об, пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва варзиш бахшида шуда бошанд, ташаббуси нав ба масъалаҳои муҳимми сулҳ ва амнияти байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Таҷрибаи Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ барои бисёр кишварҳо намунаи ҳалли мусолиматомези низоъҳо мебошад. Аз ин рӯ, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо таҷрибаи миллӣ, балки саҳми воқеии кишвар дар таҳкими сулҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
Қатъномаи қабулшуда заминаи нави ҳамкориҳои байналмилалиро дар самтҳои гуногун фароҳам оварда, ба баланд бардоштани фарҳанги сулҳ дар низоми маориф, илм ва тарбия мусоидат менамояд.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши иттилооти бардурӯғ тарбияи ҷавонон дар руҳияи таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамзистии осоишта аҳаммияти бештар пайдо мекунад.
Ҳамзамон, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда метавонад ба коҳиши эҳтимоли низоъҳои сиёсӣ, рушди дипломатияи бисёрҷониба, таҳкими эътимоди байни давлатҳо, баланд бардоштани нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳифзи сулҳ ва ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид мусоидат намояд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ин қатънома аҳаммияти стратегии сиёсӣ дошта, он нуфузи байналмилалии кишварро боз ҳам таҳким бахшида, нақши Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳдӯсту сулҳпарвар ва ҷонибдори дипломатияи созанда тақвият медиҳад.
Инчунин, иқдоми мазкур имконият фароҳам меорад, ки муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар татбиқи барномаҳои байналмилалии марбут ба сулҳ иштироки фаъол дошта бошанд.
Хулоса, қабули қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027 - 2036)” дастоварди муҳимми дипломатияи Тоҷикистон ва саҳми арзишманд дар рушди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ мебошад. Дар шароити ҷаҳони пуртазод ва пурмоҷарои имрӯз, ин ташаббус аҳаммияти вижа касб намуда, заминаи таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории созандаи давлатҳоро фароҳам меоварад.
Дустматов Баҳодур Муродович, мудири кафедраи молия, фаъолияти бонкӣ ва суғурта
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 