ҲИФЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РИСОЛАТИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД МЕБОШАД

Бинанда: 2 | Санаи нашр: 25 Июн 2026

Ваҳдату ҳамдилӣ ҳамчун пояи асосии пешрафти ҳар миллату ҷамъият дар тули таърих мавриди таваҷҷуҳи равшанфикрон, мутафаккирон ва донишмандони тоҷик қарор доштааст. Таҷрибаи таърихи башар нишон медиҳад, ки ҳеҷ ҷомеа ва ҳеҷ давлате бидуни ҳамдигарфаҳмӣ, якпорчагӣ ва иттифоқ наметавонад роҳи рушд ва бақои худро таъмин намояд. Аз ҳамин ҷост, ки дар осори классикони адабиёти форсу тоҷик андешаи ваҳдат ҳамчун неруи бузурги иҷтимоӣ ва маънавӣ ба таври возеҳ инъикос ёфтааст.

Аз ҷумла, Абдулқодири Бедил аҳаммият ва қудрати ваҳдату ҳамдилиро чунин баён кардааст:

Иттифоқ аст, ин ки ҳар душворро осон намуд,

В-арна аз тадбири як нохун гиреҳ натвон кушуд.

Ин байт ба таври возеҳ баён мекунад, ки ҳатто мушкилтарин масъалаҳо бо иттиҳоду ҳамдилӣ ҳалшавандаанд, дар ҳоле ки ҷудоиву худхоҳӣ инсонро нотавон месозад. Бедил иттифоқро қуввае медонад, ки садду деворҳои пеши роҳро барҳам мезанад ва роҳи пешрафтро ҳамвор менамояд.

Ҳамчунин, Саъдии Шерозӣ бо забони бисёр сода, вале пуртаъсир тавсифи қудрати ваҳдату ҳамбастагиро чунин ба марвориди назм мекашад:

Мурчагон гар бикунанд иттифоқ,

Шери жаёнро бидаронанд пӯст.

Ин сухан ба таври ошкоро гувоҳӣ медиҳад, ки ҳатто заифтарин неруҳо дар сурати иттиҳод метавонанд бар қавитарин муқобил ғолиб оянд. Саъдӣ дар ин ҷо иттифоқро болотар аз неруи ҷисмонӣ мегузорад ва онро омили асосии пирӯзӣ мешуморад.

Бо дарназардошти ин андешаҳо метавон хулоса кард, ки ҳамдилӣ ва якпорчагӣ барои бақо ва пойдории ҳар давлати мавҷуд аҳаммияти ҳаётӣ дорад. Давлате, ки ҷомеаи он муттаҳид, дорои худшиносии миллӣ ва эътимод бар ҳамдигар дорад, метавонад ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардад ва дар баробари таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ устувор бимонад.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз, масъалаи ваҳдати миллӣ дар паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хос ва барҷаста дорад. Дар ин паёмҳо ваҳдат ҳамчун асос ва омили калидии амният, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоӣ муаррифӣ мегардад. Таъкиди пайвастаи ин мавзуъ гувоҳ аз он аст, ки роҳ ба сӯи ояндаи обод танҳо аз тариқи ҳамдигарфаҳмӣ, иттифоқ ва эҳтиром ба манфиатҳои умумимиллӣ мегузарад.

Дар шароити муосири ҷаҳони пуртазод, ки ҷомеаҳо бо таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ мебошанд, масъалаи ваҳдати миллӣ, ҳамдилӣ ва якпорчагии ҷомеа ҳамчун омили калидии бақо ва пешрафти давлат аҳаммияти хос касб менамояд. Таҷрибаи таърихӣ ва воқеияти имрӯза собит месозанд, ки ҳеҷ як ҷомеа бидуни сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми қонун наметавонад ба ҳадафҳои бузурги худ даст ёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо таъкиди равшан иброз доштаанд: “Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад”.

Ин андеша хулосаи сиёсӣ, қонуни зиндагии ҷомеа мебошад. Зеро ваҳдат муҳити эътимодро фароҳам месозад, ҳамдилӣ неруи ҷамъиятиро муттаҳид мекунад ва суботи сиёсӣ заминаи рушди устуворро мегузорад. Ҷомеае, ки дар он ихтилоф, нофаҳмӣ ва беэътиноӣ ба қонун ҳукмфармо бошад, ҳатто бо захираҳои фаровон ҳам пеш рафта наметавонад.

Маҳз аз ин ҷост, ки Пешвои миллат таъкид менамоянд: “Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд”. Яъне масъулияти ҳифзи ваҳдати миллӣ танҳо вазифаи давлат ё мақомоти муайян нест, балки рисолати ҳар як шаҳрванди огоҳ, ҳар як зиёӣ, ҳар як ҷавон ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Ваҳдат бо сухан не, балки бо рафтор, эҳтиром, таҳаммулпазирӣ ва итоат ба қонун пойдор мегардад.

Дар шароити сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, имкониятҳои воқеии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам меоянд. Ин нуктаро Президенти кишвар чунин баён намудаанд: “Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад”.

Ин иқтибос ба таври равшан нишон медиҳад, ки амният ва ваҳдат танҳо арзишҳои маънавӣ нестанд, балки омилҳои мустақими рушди иқтисодӣ мебошанд. Сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, рушди инфрасохтор, пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ - ҳамаи инҳо танҳо дар муҳити ором, боэътимод ва қонунмеҳвар имконпазиранд.

Дар ин раванд, нақши қонун ва қонунгузорӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Қонун ҳамчун меъёри умумии рафтор муносибатҳои иҷтимоиро танзим намуда, адолат, баробарӣ ва масъулиятро таъмин мекунад. Пешвои муаззами миллат дар ин бора таъкид менамоянд: “Нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад”.

Ин суханон далолат мекунанд, ки бидуни волоияти қонун на сулҳ устувор мемонад, на ваҳдат пойдор мешавад. Қонун кафолат медиҳад, ки манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои гурӯҳӣ болотар истанд, адолат риоя гардад ва эътимоди мардум ба давлат таҳким ёбад.

Хулоса, ваҳдати миллӣ, ҳамдилӣ ва якпорчагии ҷомеа на шиор, балки зарурати ҳаётии давлатдорӣ мебошанд. Онҳо асоси субот, рушди устувор ва ояндаи дурахшони кишварро ташкил медиҳанд. Ҳифзи ин арзишҳо вазифаи умумимиллӣ буда, танҳо бо масъулияти шаҳрвандӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ таъмин мегардад.

 

 Ғаюрӣ Раъно Саидмурод, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top