НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁД, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бинанда: 4 | Санаи нашр: 25 Июн 2026

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат ҳамчун рукни асосии давлатдории миллӣ, рамзи соҳибихтиёрӣ ва нишонаи худшиносии миллӣ арзиши стратегии олӣ дорад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Истиқлолият неъмати бисёр азиз ва ширину ба ҷон баробар аст… ҳар миллату ҳар давлат барои он мубориза мебарад”. 

 

Дар таърихи нави Тоҷикистон истиқлолият на танҳо нишонаи озодӣ ва мустақилият, балки асоси ташаккули сиёсати давлатдорӣ, амният, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. 

 

Мусаллам аст, ки соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале марҳалаи аввали истиқлолият бо мушкилоти сиёсӣ, низоми иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ гардид, ки зарурати роҳбарии стратегӣ ва чораҳои муассирро барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба миён овард. Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҳамчун унсури асосии давлатдории муосир арзёбӣ мешавад.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари стратегӣ ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Бо қабули қарорҳои муҳимми давлатӣ, таъсиси Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳ амнияти кишвар таъмин гардид. 

 

Ҳамзамон, ташкили сохторҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ҳамчун унсурҳои муҳимми давлатдории муосир ба устувории институтҳои давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат намуд. Сиёсати роҳбарӣ ва чораҳои стратегӣ барои таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа замина гузошт.

 

Ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1992–1997 кишварро ба вартаи фалаҷ овард. Дар ин шароити мураккаб сиёсати хирадмандона ва созишгаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба барқарорсозии ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии ҷомеа мусоидат намуд.

 

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва татбиқи он ҳамчун намунаи сиёсати миллии Пешвои миллат нақши ҳалкунанда дар барқарорсозии сулҳ ва амнияти кишвар дошт. Ин раванд на танҳо ба устувории истиқлолият, балки ба рушди устувори давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои амнияти миллӣ мусоидат кард. 

 

Бо роҳбарии Пешвои миллат сохторҳои давлатдорӣ ба шакли муассир ва самаранок ташаккул ёфтанд;

 

Низоми маориф, тандурустӣ ва иқтисод барқарор ва рушд ёфт;

 

Ҷалби ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият заминаи рушди устувори кишварро таъмин намуд.

 

Сиёсати роҳбарӣ на танҳо ба ҳифзи истиқлолият, балки ба ташаккули фарҳанги давлатдорӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ равона гардиданд. Таҳлилҳои амалӣ нишон медиҳанд, ки роҳбарии стратегӣ таъсири мустақим ба устувории иҷтимоӣ, эътимоди шаҳрвандон ва рушди маънавиёт доштааст.

 

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт пайваст гардидаанд. Онҳо на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, балки асоси давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувор ба шумор мераванд.

 

Сиёсати Пешвои миллат ба таҳкими институтҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ равона шудааст. Дар сатҳи байналмилалӣ усули роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намунаи стратегии давлатдорӣ ва лидерии самаранок арзёбӣ мешавад.

 

Ҳамчунин, сиёсати Сарвари давлат ба рушди иқтисодӣ, ташкили шароит барои сармоягузорӣ ва рушди иҷтимоиву фарҳангӣ таъсири мустақим расонид. Ин омилҳо ба таҳкими истиқлолият ва устувории давлатдорӣ мусоидат намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва рушдёбанда дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

 

Хуллас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, кафили ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлатдории навини тоҷикон мебошанд.

 

Ҳифзи истиқлолият ва устувории ваҳдати миллӣ барои наслҳои оянда намунаи роҳбарӣ ва иродаи миллӣ ба ҳисоб меравад. Сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими давлатдорӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эҷоди паймони ҳамбастагӣ байни аҳолӣ замина гузоштааст. Ин раванд нишон медиҳад, ки роҳбарии стратегӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат асоси рушди устувори давлат ва амнияти миллӣ мебошад.

 

Ҳамидова Садафмо Ҳалимовна, доктори фалсафа (PhD), мудири шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top