Кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла рушди инноватсионӣ ва рақобатпазиргардонии иқтисодиёт ба муваффақиятҳои беназир ноил гардида истодааст.
Чунончи, тайи 10 соли охир рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 7,5% то 8,4%-ро ташкил дода, тибқи маълумоти омории “Ҷаҳон дар рақамҳо” Тоҷикистон дар ҷои 18-ум дар қатори 53 давлат бо баландтарин нишондодҳои сатҳи рушди иқтисодӣ қарор дорад. Аз ин нуқтаи назар, таваҷҷуҳи давлатҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон сол аз сол зиёд гардида, ҳамкориҳои судманд, махсусан, сармоягузориҳо дар самтҳои гуногун шаҳодати он мебошанд, ки Тоҷикистонро ҷаҳониён ба ҳайси як давлати пешрафтаистодаи инноватсионӣ ва боэътимод шинохтаанд.
Дар робита ба ин, зарур аст ки ҳар як сокини Тоҷикистон, бахусус ҷавонон, ки қувваи созанда ва сарчашмаи рушди неруи зеҳнӣ, эҷодӣ ва сармояи инсонӣ мебошанд, барои боз ҳам пешрафту шукуфоии кишвар, саҳм гузоштан дар рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар доираи эълон гардидани солҳои 2025 - 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” бо дарназардошти азхуд намудани якчанд забони хориҷӣ, асрори муваффақияти шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон, пеш аз ҳама, Пешвои муаззами миллатро ба асос гирифта, донишу малакаи худро дар таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, сармоягузорӣ ва дигар самтҳо тақвият бахшанд.
Маврид ба зикр аст, ки доир ба ин масъала маҷмуи китобҳои зиёде таҳия ва нашр шуда истодаанд, ки дар онҳо роҳ ва усулҳои муосири баланд бардоштани иқтидори иқтисодии давлатҳо оварда шудаанд ва таҳлилҳо дар ин раванд нишон медиҳанд, ки яке аз мушкилоти ҷойдошта - ин рушди донишҳо дар раванди ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодию молиявӣ ва ба инобат гирифтани он таҳдидҳое, ки дар асри XXI ҷой доранд, мебошад.
Аз ҷумла, Тревор Моавад оид ба ин масъала дар китоби худ “Тафаккури муваффақ: чӣ гуна метавон ҳаёти худро зери назорат гирифт ва аз андешаҳои манфӣ дур шуд” аҳаммияти ташаккули тафаккури созандагӣ ва ба худ боварӣ доштанро нишон додааст.
Бо ҳамин мазмун, Эллисон Сера дар китоби “Амнияти киберӣ: қоидаи бозӣ” ва Владимир Савенок дар асараш “Замони сармоягузорӣ аст” маълумотҳои ба ҳамдигар пайвасти чӣ гуна расидан ба муваффақияти ҳаётро овардаанд, ки метавонанд мавриди истифода ва татбиқ қарор гиранд.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти Пажуҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории низоми иқтисодӣ ва молиявии кишвар мустақиман аз сатҳи омодагии касбии насли наврас вобастагӣ дорад. Татбиқи бомуваффақияти барномаҳои давлатӣ дар соҳаи технологияҳои навин тақозо менамояд, ки ниҳодҳои таълимӣ усулҳои пешқадами тадриси илмҳои дақиқро ба роҳ монанд.
Аз ин рӯ, ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон ва ҷалби фаъолонаи онҳо ба корҳои таҳқиқотию созандагӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ, зарур аст, ки зерсохторҳои илмию истеҳсолӣ дар ҳамоҳангӣ бо талаботи бозори меҳнат рушд дода шаванд. Имрӯз таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию молиявии шаҳрвандон заминаи асосии амнияти миллиро ташкил медиҳад.
Пажуҳишҳои муосири соҳавӣ собит месозанд, ки рушди устувори иқтисодӣ ва инноватсионии кишвар, пеш аз ҳама, аз мавҷудияти неруи корӣ ва мутахассисони дорои тафаккури мантиқӣ имконпазир аст. Бо назардошти ин, барномарезии стратегии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бояд бо ворид намудани дастовардҳои охирини илмӣ ва ихтирооти ватанӣ таҳия карда шавад.
Ҳамзамон, ҳифзи фазои иттилоотии кишвар ва пешгирии таҳдидҳои муосири маҷозӣ омили муҳимми устувории сохти давлатдорӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, бо назардошти имкониятҳои мавҷуда ҷавонони кишвари мо аз нигоҳи рушди инноватсионии 68 шаҳру ноҳия ва 4227 деҳа бояд на танҳо истифодабарандаи воситаҳои техникӣ, балки созанда ва тарроҳи лоиҳаҳои бузурги соҳавӣ бошанд. Саҳмгузории насли ҷавон дар ин раванд метавонад суръати рушди устувори иқтисоди миллиро ба таври чашмрас суръат бахшад.
Дар ин замина, ба роҳ мондани низоми мукаммали ҳавасмандгардонии муҳаққиқони ҷавон ва дастгирии молиявии ғояҳои эҷодии онҳо аҳаммияти хосса пайдо мекунад.
Хулоса, пайванди ногусастании илм, маориф ва истеҳсолот кафолати шукуфоӣ ва рақобатпазирии давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. ки аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Улфатшои Холмирзо, корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, докторант (PhD)-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 