ҶАВОНОН - ДАСТПАРВАРОНИ МАКТАБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бинанда: 6 | Санаи нашр: 23 Май 2026

Ҷавонон ҳамчун қишри фаъолу неруманди ҷомеа дар пешрафти ҳар як давлат нақши муҳим доранд. Ояндаи миллату давлат аз сатҳи дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонон вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон масъалаи дастгирӣ ва тарбияи ҷавонон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бо талошу ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то онҳо ҳамчун шахсони босавод, ватандӯст ва соҳибмаърифат ба камол расанд.

          Пешвои миллат ҳамеша ҷавононро ояндаи давлату миллат номида, ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар ҳамаи суханрониҳо ва мулоқотҳо таъкид карда мешавад, ки ҷавонон бояд дониш омӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ намоянд, техникаву технологияҳои муосирро омӯзанд ва барои рушди Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд. Ин ғамхорӣ боис гардидааст, ки имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

          Дар замони истиқлолият дар кишвар садҳо муассисаҳои нави таълимӣ сохта шуда, шароити таҳсил барои хонандагону донишҷӯён беҳтар гардид. Марказҳои фарҳангӣ, китобхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ ва технологияҳои муосир барои ҷавонон дастрас шуданд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба он равона гардидаанд, ки ҷавонон бо дониш ва ҷаҳонбинии васеъ тарбия ёбанд. Имрӯз бисёр ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, баъди хатм ба рушди иқтисод, илм ва фарҳанги мамлакат саҳм мегузоранд.

          Яке аз дастпарварони барҷастаи мактаби Пешвои миллат муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Ӯ ҳамчун ҷавони ватандӯст, масъулиятшинос ва ташаббускор имрӯз дар вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе фаъолият намуда, барои пешрафти давлат, махсусан рушди варзиш ва ҷавонон саҳми арзанда мегузорад. Маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ӯ боис гардиданд, ки футбол дар Тоҷикистон рушд ёфта, ҷавонони зиёд ба ин намуди варзиш ҷалб шаванд. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ тавассути футбол муаррифӣ мегардад. Ҳамасола 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад. Ин ҳама самараи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат мебошад.

          Ҳамчунин Исмоил Маҳмадзоир низ аз ҷумлаи ҷавонони муваффақ ва дастпарварони мактаби Пешвои миллат ба шумор меравад. Ӯ имрӯз ҳамчун Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои рушди варзиш, тарбияи ҷавонон ва муаррифии давлат дар сатҳи байналмилалӣ саҳми назаррас дорад. Варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок намуда, Парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони тоҷик бо дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат метавонанд ба қуллаҳои баланд расанд.

          Яке аз хусусиятҳои муҳими мактаби Пешвои миллат тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Ватандӯстӣ эҳсоси муқаддасест, ки инсонро ба ҳифзи марзу буми Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва хизмат ба халқу давлат ҳидоят мекунад. Ҷавонон бояд таърихи пурифтихори халқи тоҷикро омӯзанд, аз фарҳангу тамаддуни миллӣ ифтихор намоянд ва барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ҳамеша омода бошанд.

          Имрӯз ҷаҳони муосир босуръат рушд мекунад ва ҷавонон бояд ҳамқадами замон бошанд. Омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ барои ҷавонон аҳаммияти калон дорад. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки ояндаи кишвар аз ҷавонони соҳибдонишу навовар вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд вақти худро самаранок истифода бурда, ба омӯзиш ва рушди малакаҳои худ диққати ҷиддӣ диҳад.

          Ҷавонон дар ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ низ нақши муҳим доранд. Сулҳу оромӣ неъмати бебаҳоест, ки барои ҳар як миллат зарур мебошад. Мардуми тоҷик баъди солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ба қадри сулҳу ваҳдат расиданд. Аз ҳамин сабаб ҷавонон бояд барои ҳифзи ин неъмати бузург кӯшиш намоянд, ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нашаванд ва ҳамеша манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузоранд.

          Дар баробари донишандӯзӣ ҷавонон бояд соҳиби ахлоқи ҳамида низ бошанд. Эҳтироми падару модар, омӯзгорон, калонсолон ва дӯст доштани Ватан аз сифатҳои беҳтарини ҷавони соҳибмаърифат ба ҳисоб меравад. Ҷавонони имрӯз бояд бо рафтори намунавӣ, меҳнати ҳалол ва масъулиятшиносӣ барои дигарон намуна бошанд. Зеро ҷомеаи пешрафта маҳз ба ҷавонони боодобу босавод ниёз дорад.

          Имрӯз ҷавонони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ иштироки фаъолона намуда, обрӯи кишварро баланд мебардоранд. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парчами давлатро боло мебардоранд, олимону донишҷӯён дар озмунҳои илмӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик имконият ва қобилияти бузург доранд.

          Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ҷавонон барномаҳои махсус қабул намудааст. Стипендияҳои президентӣ, квотаҳои таҳсил, грантҳо ва дигар имтиёзҳо ҷавононро барои омӯзиш ва фаъолияти созанда ҳавасманд менамоянд. Ин ғамхорӣ ҷавононро водор месозад, ки бо ҳисси баланди масъулият ба Ватан хизмат намоянд.

          Ҷавонон воқеан дастпарварони мактаби Пешвои миллат мебошанд. Онҳо бояд бо дониш, маърифат, ахлоқи ҳамида ва ватандӯстӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд. Ҳар як ҷавон вазифадор аст, ки аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода бурда, барои ободии Ватан ва зиндагии шоистаи мардум содиқона меҳнат намояд. Танҳо дар ҳамин сурат ҷавонон метавонанд ҳамчун нерӯи созанда ва ояндасози миллат дар рушду шукуфоии кишвар нақши муҳим бозанд.

         

          Ёқубзода Муҳаммадҷон, ёрдамчии ректори ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top