ҶАВОНОН САРЧАШМАИ ТАШАББУСҲОИ БУЗУРГ, МАНБАИ ҒОЯҲОИ НАВ, ЭҶОДКОРИ ТАҚДИРИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛАНД

Бинанда: 6 | Санаи нашр: 23 Май 2026

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон суханрониҳои зиёд намуда, аз ҷумла қайд намудаанд: “Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем”.

 

          Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба таври расмӣ қайд мегардад, ки ин аз мавқеъ ва мақоми хосса доштани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Аз ин рӯ, мо ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, тарбияи насли наврас, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди техника ва бунёдкорӣ равона созем.

 

          Ҷавонони ҳар кишвар сармоя ва муҳимтарин неруи он миллат ба ҳисоб мераванд, ки агар ин неру ба хубӣ парвариш дода шавад, оянда метавонад ҳосил ва натиҷаи хубе барои он миллат ва кишвар бошад.

 

          Дар тӯли 35-соли Истиқлолият дар қаламрави ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ба амал омада, мардумро ба дӯстиву рафоқат, хештаншиносиву худогоҳӣ ва созандагиву бунёдкорӣ равона месозад. Дар ин ҷода ҳиссаи ҷавонон низ кам набуда, ҷавонони кишвари тозаистиқлол ба ҳайси роҳбар, сиёсатмадор, вакили мардумӣ, табиб, олим, соҳибкор, варзишгару мурраббӣ, муҳандис ва технолог, хуллас, дар тамоми соҳаҳо фаъолият бурда, дар рушду нумуи ватани азиз саҳми босазо гузошта истодаанд.

 

          Қобили қайд аст, ки бо таъсири сиёсати варзишпарваронаи роҳбарияти олии кишвар, ки ҳамеша бо чеҳраи бозу дили кушода мо ҷавононро ба варзиш, таҳсил ва созандагӣ раҳнамоӣ мекунад ва ҷавонони мо имрӯз дар дунё парчами Тоҷикистонро аз рӯи ҳама намуди варзиш парафшон мегардонанд, ки боиси таҳсину офаринанд.

 

          Бояд қайд кард, ки ҷавонон давомдиҳандаи суннатҳои олии таъриху фарҳанги қадимии миллати тоҷик буда, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Зеро, дар ҷомеаи имрӯза барои пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар мавқеъ ва саҳми ҷавонон хеле муҳим аст, махсусан онҳо дорои афкори тозаю нав ва қувваи пешбаранда дар ҷомеа ҳастанд. Иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли ҷавон аз тарафи Ҳукумат таъмин гардидааст.

 

          Ҷавонон ояндаи миллатанд ва сиёсати ҷавонон дар ташаккули ин оянда нақши асосиро мебозад. Сиёсати самараноки ҷавонон бояд ба ҳалли мушкилоти имрӯзаи ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои онҳо ва ҷалби онҳо ба равандҳои муайянкунандаи рушди ҷомеа нигаронида шавад. Сармоягузорӣ ба ҷавонон сармоягузорӣ ба ояндаи устувор, аз ҷиҳати иҷтимоӣ одилона ва навоварона мебошад.

 

          Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба кулли ҷавонони кишвари маҳбубамон муборак бошад!

 

          Фирӯз Исмоилзода, доктор PhD, дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top