СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ДАВЛАТ ДАР СОҲАИ ҶАВОНОН

Бинанда: 14 | Санаи нашр: 22 Май 2026

Дар замони истиқлолият асосҳои иҷтимоию сиёсии ташаккул ва рушди сиёсати ҳуқуқии ҷавонон дар асоси қарорҳо, фармонҳо, фармоишҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии Президент, Ҳукумат ва дигар мақомоти идоракунии кишвар роҳандозӣ гардида ҷойгоҳ ва нақши ҷавононро дар самти сиёсати давлатӣ-ҳуқуқии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври қонунӣ асоснок менамоянд. Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии ҷавонон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, таҳти № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, таҳти № 383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, таҳти № 94 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, таҳти № 1005 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» амалӣ карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки сиёсати ҳуқуқии ҷавонон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи марти соли 1992 бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 оғоз гардид. Қонуни мазкур яке аз аввалин санадҳои қонунгузории давлати ҷавони соҳибихтиёр дар соҳаи сиёсати ҳуқуқӣ-давлатии ҷавонон – қишри стратегии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ин бешубҳа аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлати ҷавони соҳибистиқлоли Тоҷикистон сиёсати ҷавононро ҳамчун самти муҳимми стратегии фаъолияти худ қабул намудааст.

Таҳлили вазъи иҷтимоию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аз замони ба даст овардани истиқлолият, дар солҳои 1991-1997, вақте ки кишвар дар фазои низоъҳои дохилимиллӣ, шаҳрвандӣ ва бадбинӣ қарор дошт, насли ҷавони ҷумҳурӣ нақши асосиро ишғол карданд. «Дар ин вазъ механизми ташаккулёфтаи кумак ба тағйир додани рафтори ҷавонон, рушди худ, таҳаммулпазирӣ ва сулҳҷӯии онҳо зарур буд. Бо ин мақсад, моҳи марти соли 1992 заминаи қонунгузории сиёсати давлатии ҷавонон гузошта шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», дар шароити давраи гузариш омӯзиши вазъ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, аз ҷумла барномаҳои давлатиро дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ, шаҳрвандии ҷавонон, истиқлолияти иқтисодӣ, таълим, шуғли ҷавонон ва ғ. муайян кард».

Пас аз чанд сол, бо назардошти ниёзҳои ҷомеаи муосир ва ниёзҳои ҷавонон, ин қонун такмил гардида, соли 2004 дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд.

Таҳлили таҷрибаи амалии Тоҷикистони соҳибихтиёр нишон медиҳад, ки барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 1997 Кумитаи кор бо ҷавонон ташкил карда шуд, ки дар ҳама соҳаҳо сохторҳои худро дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси сиёсати давлатии ҷавонон ҳама ҳуҷҷатҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва идеологие мебошанд, ки Ҳукумат ва Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни арзёбии сиёсати давлатии ҷавонон қайд намуданд: «Ҳаёт ба таври равшан нишон дод, ки ҳалли саривақтии мушкилоти дорои аҳаммияти иҷтимоии ҷавонон, ба фардо мавқуф гузоштани онҳо метавонад боиси ба вуҷуд омадани вазъи нисбатан баҳсбарангези иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар гардад». Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташ бо намояндагони ҷавонони боистеъдоди Тоҷикистон 16 майи соли 1998 таъкид доштанд, ки «Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро ба сатҳи масъалаҳои стратегии давлатӣ, масъалаҳои амнияти миллии кишвар баланд бардорем ва вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавононро ҳамаҷониба омӯзем».

Ҳамин тариқ, сиёсати ҳуқуқии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос ёфтааст: Қонуни ИҶШС «Дар бораи принсипҳои умумии сиёсати давлатии ҷавонон дар ИҶШС» (аз 16.01.1991), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (аз 13.03.1992) , Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997, № 414 «Масъалаҳои Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000» (аз 05.10.1998, № 400) ва ғайра. Инчунин, санадҳои меъёрии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, масалан Низомнома «Дар бораи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.12.1997, № 569 тасдиқ шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон доимо диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки аз соли 1991 то 2026 Ҳукумати Тоҷикистон миқдори зиёди санадҳоро дар бахши ҷавонон қабул намудааст. Дар маҷмуъ, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Ҳуқумати кишвар дар муддати кӯтоҳ тавонист раванди ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии сиёсати ҳуқуқии давлатии ҷавононро аз ҳолати карахтии худ берун барорад ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия намояд. Аммо, суръати корро дар ин самт набояд суст кард. Зарур аст, ки сиёсати ҳуқуқӣ дар ин самт, аз ҷумла вобаста ба иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҳуқуқӣ ва сиёсии кишвар таҳким бахшида шавад. Бояд қайд намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон, тавре ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» муайян кардааст, ҷузъи ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии давлат буда, низоми тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо мақсади фароҳам овардани шароит ва кафолатҳои ташаккул ва рушди иҷтимоии ҷавонон ва пурратар татбиқ намудани иқтидори эҷодӣ ва ташаббуси онҳо ба манфиати тамоми ҷомеа амалӣ карда мешавад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун «… системаи ягонаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандон, бо мақсади таъмини таълиму тарбия, ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи пурсамари иқтидори онҳо ба манфиати ҷамъият таҳия ва татбиқ мегардад».

Одатан, фаъолиятҳое, ки ба ташаккули сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқӣ равона карда шудаанд, фарҳанги ҳуқуқӣ номида мешаванд, аз ин рӯ, барномаҳо ва стратегияҳо бояд ҳамчун санадҳои асосие эътироф карда шаванд, ки мафҳуми сиёсати миллии фарҳанги ҳуқуқиро дар давлат муайян мекунанд. Ҳамзамон, шарти муҳимми ташаккули сиёсати ҳуқуқии давлат аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва самараноки давлатӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқӣ ин амиқтар ошкор намудани ғояҳои илмӣ дар бораи моҳият, мундариҷа, робитаҳои табиии таълими ҳуқуқӣ бо қонун ва дигар унсурҳои низоми ҳуқуқии ҷомеаи муосир мебошад. Ва сарфи назар аз баҳои куллии мусбати санадҳо, дар маҷмуъ, бояд сатҳи пасти таҳияи мафҳумҳои категориявиро, ки барои муайян кардани самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқӣ истифода мешаванд, қайд намуд.

Дар амалисозии сиёсати ҳуқуқии ҷавонон фарҳанги ҳуқуқӣ ва иттилоотонии ҳуқуқии ҷавонон аҳаммияти авалиндараҷа дорад. Дар ин самт аҳаммияти асосӣ таълими ҳуқуқӣ дорад, ки он асосан ба таблиғ ва паҳн намудани донишҳои ҳуқуқӣ дар байни табақаҳои васеи аҳолӣ, иттилооти боэътимод дар бораи моҳият ва ҳудуди ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва дигар ҳуқуқҳо, инчунин вазифаҳои шаҳрвандон, роҳҳои татбиқ ва ҳимояи онҳо, салоҳият ва тартиби фаъолияти мақомоти давлатӣ равона гардидааст.

Яке аз вазифаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҷавонон ифода ва ҳамбастагии манфиатҳои қисми ҷавони аҳолӣ бо манфиатҳои умумии ҷамъиятӣ дар сурати набудани мухолифат мебошад. Дар ин фаъолият аҳаммиятнок худтанзимкунӣ ва худшиносии ҷавонон, ташаккули тадбирҳои гуногуни дастгирии онҳо, аз ҷумла додани имтиёзҳои иҷтимоӣ ба ин қишри аҳолӣ мебошад.

Ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии бахши ҷавонон, ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ, иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, шаҳрвандии фаъол ва таҳсилоти ғайрирасмӣ чораҳои дастгирии рушди мусбати ҷавонон мебошанд.

Ҳамчун ҷанбаҳои мусбати татбиқи сиёсати ҳуқуқӣ афзоиши сифати таҳсилот, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ байни ҷавонон, болоравии сатҳи ҷалби ҷавонон ба идоракунии давлатӣ, пайдоиши шумораи зиёди мақомоти худидоракунии мактабӣ, кам шудани синну соли шахсони мансабдор ва роҳбарони муассисаҳои гуногунро қайд намудан мумкин аст.

Сиёсати ҳуқуқӣ-давлатии ҷавонон дар робита бо насли нав хатти стратегии давлатро оид ба таъмини рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, ташаккули ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърих ва фарҳанги Ватан, барои халқҳои дигар ва риояи ҳуқуқи инсон дар байни шаҳрвандони ҷавон ифода мекунад.

Бояд таъкид кард, ки ҷавоне, ки ба ҳаёти мустақил ворид мешавад ва дар ҷомеа ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳоро пайдо менамояд, ба душвориҳои зиёди мушаххас дучор мегардад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст. Аз ин рӯ, муайян кардани самтҳои асосии он яке аз вазифаҳои асосӣ мебошад.

Самтҳои асосии татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҷавононро чунин муайян кардан мумкин аст:

- риояи ҳуқуқҳои ҷавонон ва таъмини онҳо;

- мусоидат ба азхуднамоии қонунгузорӣ;

- тарбияи ҷавонон, аз ҷумла тарбия дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, таъмини иштироки онҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ;

- кафолати ройгон гирифтани маълумоти ҳуқуқӣ;

- дастгирии давлатии таълими ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ;

- мусоидат ба шуғли мутахассисони ҷавон;

- таъмини кафолати ҳуқуқҳои ҷавонон ба меҳнат, интихоби касб ва ҳифзи иҷтимоӣ;

- мусоидат ба ҳамкории байналмилалии ҷавонон;

- дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон;

- пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, нашъамандӣ, майзадагӣ, экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон.

Принсипҳои демократия, ки ба ҷомеа хосанд, аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меоранд, ки доимо чорабиниҳоро оид ба дастгирии иттилоотии сиёсати ҳуқуқии ҷавонон дар ҷумҳурӣ анҷом диҳанд, шаҳрвандони ҷавонро дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, дар бораи имкониятҳои татбиқи ҳуқуқҳои худ ба ҳифзи саломатӣ, таҳсилот, амнияти иҷтимоӣ шинос намоянд.

Давлатҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сиёсати ҳуқуқии ҷавононро ба роҳбарӣ гирифта, дар татбиқ ва рушди фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, меҳнатӣ ва мустақилияти аъзои худ, қонеъ ва ҳимояи ниёзҳо ва манфиатҳои сершумори онҳо саҳм мегиранд.

 Дар маҷмуъ сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти ҷавонон аз лиҳози асосҳои ҳуқуқӣ мукаммал мебошад. Аммо то кадом андоза аз ин имкониятҳои ҳуқуқӣ истифода бурдан аз ҷониби ҷавонон, вобастагии беандоза дорад аз сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо.

 Воҳидзода Зеваршоҳ Гулаҳмад, н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top