Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои охир ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии ҳар ду давлат табдил ёфтаанд. Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангӣ ва технологӣ ба сатҳи нави рушд расидаанд.
Сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин санаи 11 майи соли 2026 аҳамияти бузурги геосиёсӣ ва иқтисодӣ дошта, марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷонибаро оғоз намуд. Дар доираи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки фарогири бахшҳои калидии рушди давлатҳо мебошанд. Ин санадҳо нишон медиҳанд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин аз доираи ҳамкории анъанавӣ гузашта, ба шарокати стратегии фарогир ва дарозмуддат табдил ёфтаанд.
Муҳимтарин санади баимзорасида Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони нав мебошад. Ин ҳуҷҷат самтҳои асосии ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии ду давлатро муайян намуда, мавқеи онҳоро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ таҳким мебахшад.
Ҳамчунин, Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дорои аҳамияти махсус мебошад. Шиори ин санад - «Дӯстӣ абадан, душманӣ ҳеҷ гоҳ» — рамзи эътимоди сиёсӣ ва устувории муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад. Аз нуқтаи назари илмии муносибатҳои байналмилалӣ, чунин аҳдномаҳо ба ташаккули муҳити устувори амниятӣ ва пешгирии низоъҳои геосиёсӣ мусоидат мекунанд.
Санадҳои дигари имзошуда инҳоянд:
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2027-2028-ин барнома ба ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ, густариши машваратҳои дипломатӣ ва таҳкими мавқеи ду кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ нигаронда шудааст. Аҳамияти он дар он аст, ки Тоҷикистон ва Чин метавонанд дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва рушди иқтисодӣ мавқеи муштарак дошта бошанд;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин барои солҳои 2026-2028-санади мазкур ҳамкории байниҳизбиро густариш дода, мубодилаи таҷриба дар самти идоракунии давлатӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва рушди иқтисодиро таъмин менамояд. Чин дар ҷаҳон ҳамчун модели рушди иқтисодии босуръат шинохта мешавад ва Тоҷикистон метавонад аз таҷрибаи он истифода барад;
- Номаҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи расонидани кумаки техникӣ аҳамияти муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доранд. Ин санадҳо ҳамчун воситаи ҳамкории байнидавлатӣ барои рушди инфрасохтор, технология, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои стратегӣ хизмат мекунанд.
Аз нигоҳи илмӣ, чунин созишномаҳо намунаи “дипломатияи иқтисодӣ” ба ҳисоб мераванд, ки тавассути он давлатҳо манфиатҳои муштаракро амалӣ менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани кумаки техникӣ имконият пайдо мекунад, ки таҷриба, технология ва захираҳои муосирро ҷалб намояд. Ҷумҳурии Мардумии Чин бошад, мавқеи геосиёсӣ ва иқтисодии худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақвият медиҳад.
Ҷанбаи муҳими ин санадҳо рушди устувор мебошад. Кумаки техникӣ на танҳо маблағгузорӣ, балки интиқоли дониш, омӯзиши мутахассисон ва татбиқи технологияҳои навро дар бар мегирад. Ин раванд ба баланд гардидани иқтидори миллӣ ва рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон мусоидат мекунад;
-Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи зеҳни сунъии Чин–Тоҷикистон аҳамияти илмӣ ва технологӣ дорад. Ин санад барои рушди технологияҳои муосир, омода намудани мутахассисон ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисод, маориф ва идоракунӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, он ҳамкории стратегии Тоҷикистон ва Чинро дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия тақвият медиҳад;
-Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар заминаи эътимоди рақамӣ дар соҳаи тиҷорат, бозгӯи марҳилаи нави рушди муносибатҳои иқтисодии ду кишвар мебошад. Ин санад аҳамияти махсус дошта, ба рушди иқтисоди рақамӣ, тавсеаи савдои электронӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар низоми тиҷорат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мафҳуми “эътимоди рақамӣ” пеш аз ҳама ба таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумот, шаффофият ва боэътимод будани муомилоти электронӣ иртибот дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технология, чунин ҳамкорӣ барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва мутобиқ сохтани низоми савдо ба талаботи замони муосир аҳамияти калон дорад.
Барои Тоҷикистон ин созишнома имкони истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Чинро дар самти рақамикунонии иқтисод, рушди платформаҳои электронӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ фароҳам месозад. Ҳамзамон, он метавонад ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва афзоиши гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд.
Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба густариши ҳамкории илмӣ ва инноватсионии технологӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, яке аз иқдомҳои муҳим дар самти рушди илм ва технология ба шумор меравад. Ин санад заминаи мусоидро барои таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар омӯзиш, таҳқиқот ва татбиқи технологияҳои муосири зеҳни сунъӣ фароҳам месозад.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои калидии пешрафти иқтисод ва илм табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, чунин ҳамкорӣ метавонад барои Тоҷикистон имконияти васеъ ҷиҳати истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Чин, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаҳои маориф, саноат, тандурустӣ ва иқтисодро муҳайё намояд.
Ҳамчунин, санад ба рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мубодилаи таҷриба байни олимон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ мусоидат хоҳад кард. Ин раванд метавонад сатҳи рақобатпазирии илм ва технологияро дар Тоҷикистон боло бурда, барои ташаккули иқтисоди донишбунёд замина гузорад;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ;
- Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои “сабз” барои солҳои 2026–2028;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Чин (CIDCA) оид ба татбиқи муштараки нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ барои соли 2026;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи содирот миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюро оид ба рушди содироти назди Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Номаҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии таҷдиди инфрасохтори гузаргоҳи сарҳадии Кулма;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;
- Созишнома миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Чин оид ба мусоидати рушди савдои байналмилалӣ дар бораи таъсиси Шурои корӣ;
- Харитаҳои роҳ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ дар соҳаи метрология барои солҳои 2026-2031 миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи давлатӣ оид ба танзими бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Номаҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи таъмини таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ҷиҳати муайянсозӣ ва назорати сифат дар Тоҷикистон;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати манзил ва рушди шаҳру деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба кумаки муштарак дар таъсиси Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзии Тоҷикистону Чин;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2026-2029;
- Протоколи ҳусни ният миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Протокол миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи талаботи санҷиш ва карантин барои воридот ва содироти гушти мурғ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Протокол миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти меваҳои донакдор (олу ва зардолу) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи давлатӣ оид ба танзими бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;
- Ёддошти тафоҳум миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Синхуаи Чин оид ба ҳамкорӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Чини муосир ва тадқиқоти ҷаҳонӣ оид ба таъсиси Маркази омӯзиши модернизатсияи Чин;
- Созишнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии омузиши забони чинӣ ва Донишгоҳи педагогии Синзян дар бораи рушди муштараки Институти Конфутсий.
Сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва имзои 31 санади нави ҳамкорӣ нишон медиҳад, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба марҳилаи нави рушди стратегӣ ворид шудаанд. Санадҳои баимзорасида тамоми самтҳои калидии рушди давлат — аз сиёсату иқтисод то технология, маориф, фарҳанг ва амнияти озуқавориро фаро мегиранд.
Аз таҳлили илмии ин санадҳо бармеояд, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин минбаъд бештар хусусияти инноватсионӣ ва технологӣ касб менамояд. Хусусан, санадҳои вобаста ба зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, маъданҳои “сабз” ва инфрасохтори транзитӣ нишон медиҳанд, ки ду кишвар барои мутобиқ шудан ба иқтисоди ҷаҳонии муосир иқдомҳои муштарак анҷом медиҳанд.
Дар дурнамо, интизор меравад, ки Тоҷикистон тавассути шарокати стратегӣ бо Чин мавқеи иқтисодиву геосиёсии худро дар минтақа тақвият бахшида, ба маркази муҳими транзитӣ, энергетикӣ ва логистикӣ табдил ёбад. Ҳамзамон, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва технологӣ метавонад ба ташаккули иқтисоди донишбунёд ва рушди устувори миллӣ мусоидат намояд.
Сафаров Усмон Шаҳобиддинович,
омӯзгори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 