Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст!
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни шинохти умедсаройи тоҷикони ҷаҳон, шаҳри ҷавонӣ – Душанбе чунин иброз доштанд: “Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он – шаҳри Душанбе ифтихор кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад”.
Воқеан, ифтихор бо Душанбе ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои он ифтихори волои ватандорист, ки дӯст доштани Ватан ва дар ҳифзу гиромидошти ҳар ваҷаб хоки он сина сипар намудан, баёнгари як шахси хештаншиносу соҳибватан будани ҳар ҷавонро ифода мекунад. Мо имрӯз ҳақ дорем, ки пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ҳамчун шаҳри ҷавонӣ унвон барем.
Имрӯз пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе на танҳо маркази маъмурию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғатӣ табдил ёфтааст. Шаҳри Душанбе солҳои охир ба дараҷаи гушношуниду каснодид зебо шуда истодааст. Дар фазои орому осудаи ин шаҳр зиндагӣ карда, ҳар як сокини он ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ташаббусу ибтикороти созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳсину ташаккур мегӯяд. Гулбоғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, кӯчаҳои тозаву озода, биноҳои зебову замонавии аз нигоҳи меъморӣ дилчаспу осмонбӯс, нақлиёти наву замонавӣ - ҳамаи ин бунёдкориву созандагӣ барои сокинони Душанбешаҳр аст ва ин боиси ифтихору сарфарозии мост.
Давоми солҳои охир бо мақсади ободу зебо намудани иншоотҳои истироҳатию фароғатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси шаҳрдорӣ якчанд тадбирҳои нав андешида шуданд. Аз ҷумла, дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишери Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардиданд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Мо аз ватани биҳиштосои худ, аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳриёри ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мефахрем ва шукргузорӣ мекунем.
Мақоми ҳуқуқии шаҳри Душанбе ба сифати пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 4-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда шуда, он ба таври возеҳ дар моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври зайл муқаррар карда шудааст: “Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази маъмурию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию таълимӣ ва таърихию фарҳангии мамлакат буда, воҳиди маъмурию ҳудудиест, ки мақоми махсуси давлатӣ дошта, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда, маҳалли нигоҳдории нусхаи аслии матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи тайёр кардани шакли аслии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.
15-уми феврали соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони пойтахт иброз дошта буданд, ки “Пойтахт симо ва ойинаи давлату миллат буда, рафъи камбудиву мушкилоти мавҷуда ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намудани он вазифаи на фақат мақомоти шаҳрдорӣ, балки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад”.
Сокини пойтахт будан дар баробари ифтихор аз ҳар шахс масъулияти зиёд талаб мекунад. Сайру гашт дар боғу гулгаштҳо ва хиёбону кӯчаҳо, истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ моро водор месозад, ки ба қадри заҳматҳои кашидаи масъулон расем ва уҳдадории худро дар тозагию озодагии ин сабзшаҳр иҷро намоем.
Мо боварии комил дорем, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бунёдкориву созандагии Раиси ҷавони шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбад ва пойтахти кишвари маҳбуби мо - Душанбешаҳр боз ҳам ободу зебо мегардад. Мо сокинони шарафманди пойтахти кишвар чунин ташаббусу иқдоми созандаи роҳбарияти Олии мамлакат ва шаҳриёри ҷавони Душанбешаҳрро комилан ҷонибдорӣ менамоем ва мехоҳем, ки дар ин амалҳои неку бунёдкорона саҳмгузор бошем.
Шаҳриёри шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ худ аз муваффақтарин дастпарварони мактаби роҳбарии Пешвои миллат мебошанд. Дар пайравӣ аз ин сиёсат муддати даҳ соли охир дар шаҳри Душанбе иқдомҳое рӯи кор омаданд, ки ба имрӯзи пурсаодати ҷавонон ҷилои тоза бахшиданд. Мисоли ин гуфтаҳо қабули қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар бораи барномаҳои рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017 - 2018, 2019 - 2021 ва 2022 - 2026 мебошанд, ки самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавононро дар бар мегиранд. Душанбе ҳамчун таҷассумгари симои воқеии миллат ва макони асосии баҳамоии ҷавонони мамлакат тавонистааст, ки симои воқеии хешро бо ҳузури ҷавонони касбу кори гуногун ба шаҳри ҷавонӣ ва ҷавонон муаррифгар бошад. Ҳамин дастгириҳо аст, ки ҷавонон иқдомҳои рӯи кор гирифтаи шаҳрдори ҷавонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Хулоса, Душанбе осоиши қалби ҳар як сокини шаҳр ва берун аз он мебошад. Он шаҳри пайвандгари қалбҳост, шаҳри ҷавонӣ ва маркази имкониятҳои варзишӣ, макони меҳру муҳаббату самимият ва маскани тоҷикон аст.
Дустматов Баҳодур Муродович, мудири кафедраи молия, фаъолияти бонкӣ ва суғурта
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 