Аз қадим ниёгони мо нисбат ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон эътибори хосса медоданд, ба онҳо илму дониш ва малакаву кордониро меомӯхтанд. Махсусан, диққати асосии онҳо ба омодагии ҷавонон ба аспсаворӣ, шамшерзанӣ ва маҳорати ҷанг баҳри ҳифзи Ватан равона гардида, баъди супоридани санҷишҳои махсус онҳо ҳамчун ҷавони комил эътироф мегардиданд.
Дар адабиёти ҳуқуқӣ мафҳуми ватандӯстӣ ба таври гуногун шарҳ дода мешавад. Муҳаққиқон ватандӯстиро ҳамчун «қарз ва масъулияти шаҳрванд оид ба ҳимояи Ватан» муайян менамоянд. Ба ақидаи А.К. Чудаев агар шахс амалҳо ё беамалии мухталиферо анҷом надиҳад, ки ба ҳимояи Ватан ва беҳбудии Ватан нигаронида шудаанд, пас ӯ ватандӯст нахоҳад буд. Ватандӯстӣ ҳамчун ҳолати шахс фаҳмида мешавад, ки дар он шаҳрванд амалҳои фаъол ё ғайрифаъолро ба манфиати давлат ва ҷомеа анҷом медиҳад. Яъне, мувофиқи андешаи пешниҳодгардида, аломати асосии ватандӯстӣ ин ба манфиати ватани худ иҷро намудани амале мебошад, ки дар раванди созандагӣ нақши муайянеро иҷро намояд. A.K. Чудаев ватандӯстиро аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ баррасӣ намуда, чунин хусусиятҳои онро қайд мекунад: «1) шахс амалҳои ватандӯстонаи худро дар шакли амал ё беамалӣ иҷро мекунад; 2) амали ватандӯстӣ ё беамалии шахс аз муҳаббат ба Ватан, садоқат ба ӯ, ифтихор аз гузашта, имрӯз ва ояндаи он бармеояд; 3) ҳадафи амалҳои ватандӯстона ин ифодаи ботинии шахс дар бораи некуаҳволии давлат, аъзои он, ҳимояи манфиатҳои Ватан мебошад».
Дар Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 тарбияи ватандӯстӣ чунин муайян карда шудааст: «Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон яке аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия ба ҳисоб рафта, ҷавононро дар роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд». Ҷавонон дар ҳама давлатҳо неруи пуриқтидор ва ҳомии Ватан эътироф мегарданд. Ватандӯст шахсе мебошад, ки «дараҷаи баланди ташаккули сифатҳои ахлоқӣ дошта, хоҳиши саҳмгузор будан дар рушди давлати худро дорад».
Дар адабиёти илмӣ, инчунин мафҳуми ватандӯстии конститутсионӣ низ ба назар мерасад. Чунончӣ, И.Н. Бартситс мафҳуми «ватандӯстии конститутсионӣ»-ро ҳамчун низоми тадбирҳои дастгирии давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ баррасӣ менамояд. Ба ақидаи ӯ, ватандӯстии муосир «на бар асоси таърихи муштарак ва ё пайдоиши муштараки қавмӣ, балки бо принсипҳои умумии дар Конститутсия муқарраршуда асос меёбад». Ба андешаи муаллифон истилоҳи ватандӯстии конститутсионӣ метавонад шакли муттаҳид сохтани миллат дар асоси принсипҳои конститутсионӣ амалӣ гардад, ки ҳамаи аъзои ҷомеа вазифадоранд онро иҷро намоянд. Ватандӯстии конститутсионӣ асоси ягонагиии ҷомеа дар асоси фаҳмиши ягонагии миллат ва истинод ба ҷомеаи муайяни шаҳрвандӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки арзиши ватандӯстии ҷавонон дар функсияҳои хоси он зоҳир мегардад. Ба арзишҳои ватандӯстии ҷавонон чунин функсияҳоро дохил намудан мумкин аст:
- ҳамгироӣ – муттаҳид сохтани аксарияти ҷавононе, ки барои ташаккули ояндаи кишвари худ дар асоси афзалияти манфиатҳои аъзои ҷомеа ва институтҳои давлатӣ масъуланд. Бевосита ин функсияи ватандӯстӣ дар байни ҷавонон муттаҳидӣ ва иттиҳоду иттифоқро дар раванди созандагӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ ба вуҷуд меоварад;
- муҳофизатӣ – таҳким ва ҳифзи амнияти миллӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ. Функсияи муҳофизатии ватандӯстӣ ҳифзи Ватан, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатдорӣ аз ҷониби ҷавонон мебошад;
- мувозинатӣ – фароҳам овардани шароит барои рушди устувори низоми иҷтимоӣ ва давлатӣ;
- танзимӣ – ба низом даровардани тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дар раванди амалигардонии давлатдории миллӣ;
- тарбиявӣ – гузаронидани фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ба онҳо додани ҳисси муайяни рушд.
Мушкилоти таъсири ғояҳои ватандӯстӣ ба сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ зарурати омӯзиши муфассали категорияи «ватандӯстӣ», алалхусус моҳият, хусусиятҳо ва арзишҳои онро муайян мекунад. Далелҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи тарбияи ватандӯстӣ, ҳамчун як принсипи муттаҳидкунандаи халқи тоҷик баромад мекунанд, зеро шаҳрвандонро ба эҳтироми меъёрҳои қонун, амалисозии ҳуқуқҳо, иҷрои самараноки вазифаҳо ва рафтори ҳуқуқӣ ташвиқ менамоянд ва дар ин раванд ба ташаккул ва рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон таъсир мерасонанд. Бинобар ин, тарбияи ватандӯстӣ дар айни замон ҳамчун яке аз вазифаҳои пешбари давлат муайян карда мешавад. Тарбияи ҳувияти ватандорӣ пеш аз ҳама дар муҳити ҷавонон зарур мебошад, зеро соҳибихтиёрӣ ва давлатдории ҳар як миллат маҳз аз ҷавонон вобаста мебошад. Аҳамиятнокии тарбияи ватандӯстӣ мунтазам дар сатҳи олии кишвар қайд мегардад. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 чунин иброз намуданд: «Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад» .
Ҳамин аст, ки дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 24-уми декабри соли 2022, №1920 қабул гардид. Қонуни мазкур пурра муносибатҳоро вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ танзим менамояд.
Танҳо тавассути таълимоти якҷояи фарҳанги ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ, ки дар низоми рушди фарҳанги ҳуқуқии Тоҷикистон ифода мегардад, ба ташаккули сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ ва ваҳдати миллӣ тавассути татбиқи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда расидан мумкин аст.
Умумияти фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстӣ дар иҷрои амалҳо марбут ба татбиқи қонунгузорӣ ва риояи қоидаҳои дар ҷомеа муқарраргардида аз ҷониби ҷавонон зоҳир мешавад. Дар он ҳолат шуури ҳуқуқии ҷавононро ҳамчун шуури баланд тавсиф кардан мумкин аст, ки агар он ба донишҳои баланди ҳуқуқӣ, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҳуқуқӣ, иҷрои масъулиятҳои шаҳрвандӣ ва ба эҳтироми қонун асос ёфта бошад.
Фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон ва ватандӯстии онҳо дорои таркиби ягонаи арзишҳои зерин мебошанд: одатҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ҳуқуқӣ, муносибати равонӣ, дониши ҳуқуқӣ, рафтори ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонун, интизоми меҳнат, дарки масъулияти ҳуқуқӣ ва ғайра.
Ватандӯстӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ тафовут ва умумияти хоссаи худро доро мебошанд. Асосан тафовути ин ду падида вобаста аз баромади онҳо мебошад. Фарҳанги ҳуқуқӣ дар асоси фаҳмиши ҳуқуқ ва қонун ва умуман донишҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд меояд. Ватандӯстӣ бошад, дар заминаи дӯст доштани Ватан ва арҷгузории он ба вуҷуд омада, рушд мекунад. Мафҳуми фарҳанги ҳуқуқӣ васеъ буда, ватандӯстиро низ фаро мегирад.
Арзиши ватандӯстӣ дар фарқияти он аз фарҳанги ҳуқуқӣ дар тасаввуроти шахсият оид ба худшиносии миллӣ, ки яке аз онҳо арҷгузорӣ ба ёди ниёгон мебошад, зоҳир мегардад. Дар навбати худ арҷгузорӣ ба ниёгон низ аз фарҳанги баланди ҳуқуқӣ гувоҳӣ медиҳад. Барои мисол, яке аз вазифаҳои конститутсионии шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, ин худро масъул донистан дар назди гузаштагони худ мебошад. Дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидани масъулият оид ба арҷгузорӣ ба гузаштаи миллат, бевосита аз робитаи наздики ватандӯстӣ бо фарҳанги ҳуқуқӣ гувоҳӣ медиҳад.
Умумияти фарҳанги ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар ташкили фаъолияти таълимӣ зоҳир мешавад. Ватандӯстӣ ҳамчун воситаи рушди фарҳанги ҳуқуқӣ, муайян кардани ҳудуди рафтори ҳуқуқии шахс, тавассути тарбияи ватандӯстии ҷавонон ба шуури ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад. Ватандӯстӣ, инчунин ҳамчун барангезандаи рафтори аз ҷиҳати иҷтимоӣ мусбат бо ёдоварии хотираи гузаштагон баромад менамояд. Фарҳанги ҳуқуқӣ падидаест, ки тамоми дастовардҳои миллии ҷомеаро дар соҳаи донишҳои ҳуқуқӣ ва таълимоти ҳуқуқӣ дар бар мегирад. Сиёсати муттаҳидсозӣ ва рушди тарбияи ватандӯстии ҷавонон бошад, равандест, ки ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқии онҳо дар ҷомеа ва таъмини доимии ҳифзи арзишҳои ҳуқуқӣ, бозгашти онҳо ба наслҳои оянда, фаҳмиши қонунҳо ва риояи онҳо мутобиқи принсипҳои меъёрӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ, тавассути муроҷиат ба рӯйдодҳои гузашта ва эҳтиром ба амалҳои наслҳои гузашта, ки боиси рушди давлат ва ҷомеа гаштаанд, рафторе тарбия карда мешавад, ки ба меъёрҳои ахлоқ ва одоб, ҳуқуқ ва қонун мувофиқат кунад, ки ин бевосита хизмати ватандӯстӣ дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.
Самти муайянкунандаи ҳамоҳангии фарҳанги ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ, такмил додани шуури ҳуқуқӣ тавассути тарбияи ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстӣ ба ҷавонон мебошад. Дар маҷмӯъ зиддиятҳо байни фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон ва ватандӯстии онҳо вуҷуд дошта наметавонад, зеро фарҳанги ҳуқуқӣ ҷамъи дастовардҳои ҳуқуқ аст. Ватандӯстӣ бошад, арзиши фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.
Мо, тағйирёбии вазъи мавҷударо дар низоми тарбияи ватандӯстӣ ба инобат гирифта, ба барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстӣ дохил намудани маълумот дар бораи натиҷаҳои мусбат ва манфии барномаи қаблӣ; миқдори чорабиниҳои амалишаванда ва бекоршуда; сабабҳои амалӣ нагаштани онҳо; нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдорӣ; шаклҳои тарбияи ватандӯстӣ; ошкор намудани вазифаҳо ва зерсупоришҳо аз шакл ва усулҳои тарбияи ватандӯстӣ, сатҳи возеҳи самтҳои тарбияи ватандӯстӣ ва ғайраро зарур мешуморем.
Дар заминаи таҷдиди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пайдоиши институтҳои нави ҳуқуқӣ, дар назди давлат вазифаҳои нав дар самти ҳифзи арзишҳои ҳуқуқӣ ва рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ба миён меоянд. Дар ҳама давру замон чунин як арзиш ватандӯстӣ буд, ки он яке аз асосҳои марказии маънавию ахлоқиро ташкил дода, қобилияти муттаҳид сохтани ҷомеа ва рушди онро бо ёрии арзишҳои ҳуқуқӣ дорад. Ҷалби ҷавонон ба бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ барои устувор намудани рукнҳои давлатдории Тоҷикистони навин мусоидат менамояд.
Дар рушди ҷомеаи муосир ватандӯстӣ нақши назаррас дошта, ба рушди маънавӣ ва ахлоқии шахс таъсир мерасонанд ва сатҳи фарҳанги ҳуқуқии тамоми аҳолиро баланд мебардоранд. Фаъолгардонии андешаи ватандӯстӣ дар ҷомеа аз мавҷудияти манфиатҳои шахс ва қобилияти дарки арзишҳои умумии фарҳангӣ вобаста буда, ба азхудкунии он шаклҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат мекунанд. Ҳадафи таъсиси низоми тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ бо истифода аз ғояҳои ватандӯстӣ мебошад.
Ҳамин тавр, ватандӯстӣ:
1) барои ҷавонон – дар тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳо, инчунин тарбия намудани ҷавонони фаъоле, ки метавонанд дар оянда ба давлат ва миллати худ хизмат намоянд, ифода меёбад;
2) барои ҷомеа – дар тарбияи эҳтироми шахс ба ҳуқуқу озодиҳои ҳамдигар, муносибати одилонаи давлат ба рафтори аъзои ҷомеа инъикос меёбад;
3) барои давлат – дар кафолатҳои ҳимоя ва таҳкими сохти конститутсионӣ ва ваҳдати миллии он зоҳир мегардад;
4) барои ҳуқуқ – дар масъул намудани ҷавонон ба риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ, рафтори қонунӣ, татбиқи қонунҳо, иҷрои вазифаҳои конститутсионии ҳар як ҷавон дар ҷомеа ва давлат ифода меёбад;
5) барои шуури ҳуқуқии ҷавон ва мавқеи он дар ҷомеа – дар зоҳирнамоии ҷавонон худро ҳамчун фарди дорои шуури баланди ҳуқуқӣ ва миллӣ дошта, ҷойгоҳ ва нақши ҷавон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми ҳуқуқӣ зоҳир мегардад;
6) барои фарҳанги ҳуқуқӣ – дар мусоидат намудан ба қобилияти бедор намудани завқ ба рафтори намунавии ҳуқуқӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон мусоидат мекунад, ифода мегардад.
Алиев Фаррух Шарифович, н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 