НАВРӮЗ ҶАШНИ ҲАСТӢ ВА НИШОНИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ МОСТ

Бинанда: 20 | Санаи нашр: 19 Март 2026

«Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишони ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик, ҳамеша нигаҳдорандаи мардум, забон, расму оин, фарҳангу таърих ва ниҳоят, Ватан будааст»

                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

         Оре, тоҷикон Иди Наврӯзро аз қадим ҷашн мегирифтанд. Наврӯз барои миллати шарифу сарбаланди тоҷик китоби сарнавишт маҳсуб меёбад. Наврӯзро тоҷикон модари ҷашнҳо, пешонии сол, ҷавҳари садоқат, шиносномаи миллат ва ҷашни аҷдодии хеш меноманд. Тоҷикон ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз дар воқеъ таърихи миллати мост ва он ба фарҳанг ва анъанаҳои ниёгонамон сахт алоқаманд аст.

         Наврӯз оғози соли нав, фасли бедории табиат, саршавии кишту кор, пайванди қавии инсон бо замин, муждаи фасли баҳор ва шурӯи зиндагии нав дар рӯзгори мардум аст, ки он тайи ҳазорсолаҳо чун суннати аҷдодӣ ба мо расидааст. Наврӯз исми миллати мост!

         “Наврӯз” маънояш “рӯзи нав”, оғози соли нави офтобӣ ва фасли баҳор буда, аз ҷониби халқҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, ба мерос мондааст. Наврӯз рамзи ҳастӣ ва нишони ваҳдати миллии мост! Онро ҷашни дидорбинии модару фарзанд ва табиату инсон, лаҳзаи бедорӣ, иди дӯстӣ, пайванди мову гузаштагони сарбаландамон номидаанд. Бале, мо миллати наврӯзӣ ҳастем ва оғозу анҷоми мо Наврӯз аст.

         Пас аз эҳёи давлатдории навини точикон, яъне баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, Наврӯз дар сарзамини мо шукӯҳу шаҳомати тоза гирифта. Боиси ифтихори мост, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзи Аҷамро 21 марти 2010 ба рӯйхати ҷашнҳои байналмилалӣ дохил намуд. Ҳамин тариқ, Наврӯзи тоҷикон ва қавмҳои ориёитабор иди байналмилалӣ шуд.

         Наврӯз ин айёми баробаршавии шабу рӯз, зиндашавии табиат мебошад, ки кас ба фазои беохир пар кушода, бо гулҳову гиёҳҳо сухан мегӯяд, боз аз нав ошиқи ҳаёт мегардад, гӯё аз нав зинда мегардад, нерӯи тоза меёбад ва покию сафои ботин ҳосил мекунад. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро ҷашни таҳаввулоти табиат ва инсон номидаанд. Паёми Наврӯз - паёми таҳаввул ва нав шудан аст. Чунонки шоир гуфтааст:

 

Боз ин чӣ ҷавонист заминрову замонро,

Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро.

         Сарчашмаи асосии илмӣ, ки дар бораи ҷашнгирии иди Наврӯз маълумотҳои асосӣ дода метавонад, албатта, ин “Фарҳангномаи ориёӣ” - "Авасто"-и Иброҳими Зардушт мебошад, ки он таърихи беш аз 7 ҳазорсола дорад. Наврӯз иди бостонӣ ва анъанавӣ буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ - 1-уми фарвардин (ҳамал), ба 21-уми марти солшумории мелодӣ рост меояд.

         Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ҷашни бузурги аҷдодиамон –Наврӯзи ҳуҷастапай, ки оғози соли нав, фасли бедории табиат, саршавии кишту кор, пайванди қавии инсон бо замин, муждаи фасли баҳори фархундапай, шурӯи зиндагии нав дар рӯзгори мардум, нишонаи меҳру муҳаббати инсон ба фасли гулбезу мушкбези баҳорӣ, ки ниёгони гузаштаи садоқатманд, дар маром устувору хирадманди мо онро аз қаъри асрҳо то ба имрӯзи хуррам поянда доштанд, чун машъали фурӯзон ва суннати аҷдодӣ аз насл ба насл расонидаанд, маълумоти зиёде зикр шудааст.

         Чӣ дар ҳаммосаи миллии ориёиён - «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ»-и Табарӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Ат-таҳфим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Зайнал-ул-ахбор»-и Абӯсайиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин вал аздод»-и Кисравӣ ва дигарон шоҳ Ҷамшед бунёдгузори ҷашни Наврӯз дониста шудааст.

         Яке аз донишмандони бузурги форсу тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар "Осорулбақия" ном асараш доир ба "Наврӯз" ривоятҳои ҷолибу рангинеро дарҷ намудааст. Абӯрайҳони Берунӣ менависад: "Ва чанде аз хашвия (мунаҷҷимоне, ки бе ҳеҷ гуна далели илмӣ дар бораи тасвиру қисмати инсон пешгӯӣ мекунанд) мегӯянд, ки чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарини хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун ва пас аз чиҳил рӯз бори дигар ангуштаринашро биёфт ва подшоҳию фармондиҳӣ бар ӯ баргашт ва муғон инро дида назди ӯ гирд омаданду гуфтанд: "Наврӯз омад", яъне рӯзи тоза (нек) биёмад.

         Мардуми ориёӣ аз қадим то имрӯз одат доранд, ки хонаҳову ҳавлиҳояшонро дар арафаи ҷашни Наврӯз тоза намуда, дар утоқҳояшон рӯи миз кӯзаи об, гулдон ва зарфи оташро гузошта, аз чӯбҳои хушбӯ нерӯ медиҳанд. Тибқи ривоятҳо дар арафаи иди Наврӯз афрӯхтани оташ гӯё то замони Аббосиён дар тамоми мамолики Баҳрайн маъмул буд.

         Нисбати он, ки пайдоиши Иди Наврӯз ба замони Ҷамшедшоҳ чӣ гуна муносибат дорад, Абӯрайҳони Берунӣ нигоштааст: "Баъзе аз уламои Эрон мегӯянд: "Сабаб ин аст, ки чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифт агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз буд".

         Дар аҳди Ҷамшед мардум ба якдигар дар Наврӯз шириниҳо чун рамзи зиндагии хушу зебо ҳадя мекарданд. Наврӯз ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, растохези гулҳову шукуфаҳо, накуиҳову зебоиҳо миёни ниёгони мо зойиш ёфт ва минбаъд по ба Эрони Бузург ниҳод ва қабилаҳои ғайриориёиро зери нуфузи қудратноки худ қарор дод.

         Тантанаи Наврӯзӣ дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Хусрави Парвизу Исмоили Сомонӣ, Борбаду Рӯдакӣ вуҷуд дошт. Ҳатто ин ойинҳои қабл аз исломии тоҷикон, аз ҷумла «Наврӯз» ва «Меҳргон»-ро дар рӯзгори Бармакиён арабҳо ҳам ҷашн мегирифтанд.

         Дар «Шоҳнома»-и безаволи худ Ҳаким Фирдавсӣ чунин тасвир намудааст:

Ба Ҷамшед ар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро Рӯзи нав хонданд.

Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,

Бимонда аз он хусравон ёдгор.

         Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Наврӯз ин ҷашни худогоҳӣ ва худшиносии мардуми ориётабор, ниёгони тоҷикон буда, дар гузашта ҳам ҷаҳониву фарогири марзҳо будааст.

 

Сангова Фирӯза Холмуродовна, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top