Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои башарӣ ба шумор рафта, ин ҷашн аз давраҳои хеле қадим дар сарзаминҳои ориёӣ ба вуҷуд омадааст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо талошу пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифта, имрӯз бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хоса таҳлил карда мешавад.
Барои мардуми тоҷик Наврӯз танҳо як ид набуда, балки рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, поксозии рӯҳу андеша ва умеди тоза ба фардои беҳин мебошад. Ҳар сол бо фаро расидани баҳор ва баробар шудани шабу рӯз, мардум Наврӯзро бо шодию сурур пешвоз мегиранд. Ин лаҳза дар табиат низ тағйироти бузург ба вуҷуд омада, барфҳо об мешаванд, замин нафаси гарм мегирад, дарахтон сабз мешаванд ва гулу гиёҳ аз зери хок сар мебароранд. Ҳамаи ин падидаҳо ба инсон эҳсоси тозагиву зиндагии нав мебахшанд.
Таърихи Наврӯз хеле амиқ ва пурғановат аст. Муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки ин ҷашн ҳазорсолаҳо пеш дар миёни халқҳои ориёӣ пайдо шудааст. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ривоятҳои мардумӣ пайдоиши Наврӯзро ба номи подшоҳи афсонавӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Гуфта мешавад, ки вақте Ҷамшед бар тахт нишаст, ҷаҳон равшан гардид ва мардумон рӯзро рӯзи нав номиданд. Аз ҳам он давра ин рӯз ҳамчун оғози соли нав ва рамзи бахту саодат ҷашн гирифта мешавад. Дар тӯли асрҳо ин анъана аз насл ба насл гузашта, ба қисми ҷудонашавандаи фарҳанги мардуми тоҷик табдил ёфтааст.
Наврӯз ҷашнест, ки бо табиат робитаи хеле зич дошта, бо фаро расидани баҳор, табиат аз хоби зимистона бедор мешавад. Ҳаво нарм мегардад, боронҳои баҳорӣ заминро сероб мекунанд ва кишоварзон ба корҳои саҳроӣ оғоз менамоянд. Барои мардум ин давраи оғози меҳнати нав дар замин ба шумор меравад. Аз ин сабаб Наврӯзро ҷашни деҳқонон низ мегӯянд. Дар рӯзҳои пеш аз ид мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, ҳавливу кӯчаҳоро рӯбучин намуда, ба пешвози ин ҷашни покиву сурур омода мешаванд. Ин корҳо рамзи поксозии муҳит ва оғоз кардани зиндагиву руҳияи тоза мебошанд.
Яке аз суннатҳои муҳим дар айёми Наврӯз омода намудани таомҳои махсус мебошад. Мардум дар ин рӯзҳо ғизоҳои суннатӣ мепазанд, ки ҳар кадоми онҳо маънои рамзӣ доранд. Аз ҷумла, суманак яке аз таомҳои маъруфи наврӯзӣ ба ҳисоб меравад. Суманак аз гандуми сабзшуда омода карда шуда, рамзи фаровонӣ, баракат ва зиндагии солим мебошад. Пухтани суманак одатан шабона баргузор мегардад. Занону духтарон гирди дег ҷамъ шуда, суруд мехонанд, орзуҳои нек мекунанд ва дегро бо навбат мекобанд. Ин маросим фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни мардум қавӣ мегардонад.
Дар баробари суманак таомҳои дигар низ омода карда мешаванд. Дар бисёр хонаҳо ороиши дастурхон бо анвоъҳои бо ҳарфи “С” ва “Ш”, яъне ҳафтсин ва ҳафтшин ба роҳ монда мешавад.Дар рӯйи дастархон чизҳое мегузоранд, ки ҳар кадоми онҳо маънии нек доранд: сабза - рамзи зиндагӣ, сир - рамзи саломатӣ, себ - рамзи зебоӣ, сирко - рамзи сабр, суманак - рамзи баракат, санҷид - рамзи муҳаббат, шамъ - рамзи гармиву рушноӣ, шир - рамзи покиву тозагӣ ва дигар анвоъҳо.Ин анъана аз замонҳои қадим то имрӯз нигоҳ дошта шудааст ва қисми муҳими фарҳанги наврӯзӣ ба ҳисоб меравад.
Наврӯз фақат ҷашни хонаводагӣ набуда, дар ин рӯзҳо дар тамоми кишвар чорабиниҳои бошукӯҳ баргузор мегарданд. Дар шаҳру деҳот мардум ҷамъ омада, суруд мехонанд, рақс мекунанд, бозиҳои миллӣ ташкил менамоянд. Бозиҳои гуногун чун гуштингирӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ ва дигар мусобиқаҳо фазои идонаро боз ҳам бошукӯҳ мегардонанд. Ҳунармандон маҳсули дасти худро ба намоиш мегузоранд ва мардум аз ин намоишгоҳҳо боздид мекунанд. Ҳамаи ин чорабиниҳо ба нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ мусоидат мекунанд.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳими Наврӯз эҳтиром ба калонсолон ва аёдати наздикон мебошад. Дар инр рӯзҳо мардум ба дидорбинии хешутабор мераванд, аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар мешаванд ва ба ҳамдигар орзуҳои нек мекунанд. Ин анъана ба таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ ва дӯстӣ мусоидат намуда, одамонро ба ҳам наздик мекунад ва муҳаббату ҳамдигарфаҳмиро дар ҷомеа тақвият мебахшад.
Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз ҷойгоҳи махсус дорад. Ин ҷашн танҳо ба шодиву хурсандӣ маҳдуд намешавад. Он арзишҳои ахлоқиро низ дар бар мегирад. Дар айёми ид мардум кӯшиш мекунанд, ки кинаву адоватро аз дил дур кунанд, бо ҳамдигар оштӣ шаванд ва зиндагиро бо нияти нек оғоз намоянд. Ин суннат нишон медиҳад, ки Наврӯз ҷашни инсондӯстӣ ва ваҳдат мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои Сарвари муаззами Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кишварҳои дорои ин анъана Наврӯз дар сатҳи ҷаҳон эътироф гардида, мақоми байналмилалӣ гирифт Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфт. Ин иқдом нишон медиҳад, ки арзишҳои Наврӯз барои тамоми башарият аҳаммияти калон доранд. Имрӯз Наврӯз дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад ва мардумонро онро ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ қабул мекунанд.
Дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бо шукӯҳи хос баргузор мешавад. Дар шаҳрҳо майдонҳои бузург барои таҷлили ид омода мешаванд. Консертҳои идона, намоишҳои фарҳангӣ ва барномаҳои гуногун баргузор мешаванд. Дар деҳот мардум анъанаҳои қадимиро зинда нигоҳ медоранд. Дастархонҳои идона ороста мешаванд, мардум либосҳои миллӣ ба бар мекунанд ва фазои шодиву нишот тамоми кишварро фаро мегирад.
Наврӯз барои насли ҷавон низ аҳаммияти калон дорад. Ин ҷашн онҳоро бо таъриху фарҳанги ниёгон ошно мекунад. Аз тариқи ин анъанаҳо ҷавонон мефаҳманд, ки гузаштагони онҳо чӣ гуна зиндагӣ мекарданд ва чӣ арзишҳоро азиз медоштанд. Аз ҳамин сабаб, нигоҳ доштани Наврӯз вазифаи муҳим барои ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад.
Ҳамчунин ин ҷашни саодатофару қадима ба рушди фарҳанг ва ҳунарҳои миллӣ мусоидат мекунад. Дар рӯзҳои ид устоҳои мардумӣ маҳсули ҳунари худро ба намоиш мегузоранд. Гулдӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ ва дигар ҳунарҳо таваҷҷуҳи мардумро ҷалб мекунанд. Ин намоишгоҳҳо ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ кӯмак мерасонанд.
Наврӯз дар худ паёми муҳими инсонӣ дорад. Он мардумро ба сулҳ, дӯстӣ ва эҳтироми табиат даъват мекунад. Ин ҷашн хотиррасон месозад, ки инсон бояд бо табиат дар ҳамоҳангӣ зиндагӣ кунад. Баҳор, ки рамзи эҳё ва тозагӣ мебошад, ба одамон умеди нав мебахшад ва онҳоро ба корҳои созанда ҳидоят мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо Наврӯз арзиш ва аҳаммияти худро аз даст надодааст. Баръакс, имрӯз ин ҷашн боз ҳам маъруфтар гардидааст. Мардум онро бо муҳаббат таҷлил мекунанд ва анъанаҳои онро ҳифз менамоянд.
Наврӯз рамзи таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва руҳи зиндагидӯсти мардуми тоҷик мебошад. Ҳар сол бо фаро расидани баҳор ин ҷашни бузург мардумро ба ҳам меорад ва дар дилҳо эҳсоси шодию умеди тозаро бедор мекунад. Ин ҷашн, ҷашни зиндагӣ, меҳрубонӣ ва эҳёи табиат аст, ки барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ боқӣ хоҳад монд.
Музамбила Султонӣ, Абдумалик Ҳакимов - омӯзгорони кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 