Дар фазои истиқлоли давлатӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ, таҷлили Рӯзи Модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як падидаи муҳимми фарҳангиву иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Ин ҷашни фархунда на танҳо ифодагари эҳсоси самимии фарзандон нисбат ба модар, балки бозгӯи сиёсати давлат дар самти арҷгузорӣ ба зан - модар ва таҳкими мақоми ӯ дар ҷомеа мебошад.
Пешвои муаззами миллат модарро на танҳо шахси наздиктарини инсон, балки ҳамчун поягузори ҷомеаи солим арзёбӣ мекунанд. Тавре Сарвари давлат таъкид менамоянд, модар сарчашмаи ҳаёт, нахустин омӯзгор ва тарбиятгари насли инсонсоз мебошад. Маҳз дар оғӯши модар тухми муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси масъулият дар назди ҷомеа кошта мешавад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба модар воқеан эҳтиром ба миллат ва давлат аст.
Пешвои миллат дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ масъалаи таҳкими оила ва баланд бардоштани мақоми занонро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоӣ мешуморанд. Зеро оила ҳамчун ниҳоди асосии ҷомеа маҳз бо меҳру ҳикмати модар устувор мемонад. Агар модар маърифатнок, босавод ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошад, насли тарбиякардаи ӯ низ соҳиби тафаккури солим ва иродаи қавӣ хоҳад гардид. Ин андеша, дар асл, заминаи фалсафии сиёсати давлатро дар самти дастгирии занон ташкил медиҳад.
Бо ибтикори Сарвари давлат барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми занон қабул ва амалӣ гардида, барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имрӯз занону модарон дар мақомҳои роҳбарикунанда, сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмиву фарҳангӣ ва бахши соҳибкорӣ фаъолияти пурсамар доранд. Ин ҳама далели он аст, ки таҷлили Рӯзи Модар танҳо як маросими рамзӣ набуда, балки таҷассумгари сиёсати воқеӣ ва амалии давлат мебошад.
Дар баробари ин, Пешвои миллат борҳо бо эҳсоси амиқ аз модари худ ёд карда, нақши ӯро дар ташаккули шахсияташон бисёр бузург арзёбӣ намудаанд. Баёни чунин эҳсоси самимӣ аз минбари баланд худ намунаи ибрат барои ҷомеа аст ва арзиши муқаддаси модарро дар шуури ҷамъиятӣ таҳким мебахшад. Ин гуна муносибат собит месозад, ки эҳтиром ба модар на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки унсури муҳимми фарҳанги давлатдорӣ мебошад.
Таҷлили Рӯзи Модар дар чунин замина маънои амиқ касб мекунад. Он ҷомеаро ба худшиносӣ, инсонгароӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои оилавӣ раҳнамоӣ менамояд. Ин ҷашн моро водор месозад, ки дар баробари ибрози муҳаббат, масъулияти худро низ дар назди модар эҳсос намоем - масъулияти ғамхорӣ, дастгирӣ ва идомаи роҳи неке, ки ӯ барои мо интихоб кардааст.
Хулоса, Рӯзи Модар дар партави сиёсати Пешвои миллат ба як мактаби маънавият табдил ёфтааст, ки дар он эҳтироми зан – модар ҳамчун пояи устувори ҷомеа ва кафили ояндаи миллат эътироф мегардад. Зеро модар на танҳо ҳаёт мебахшад, балки бо тарбияи худ сарнавишти миллатро месозад.
Пас, арҷгузорӣ ба модар - арҷгузорӣ ба ҳастӣ, ба фарҳанг ва ба ояндаи давлат аст.
Муҳаммадҷон Ёқубзода, ёвари ректори ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 