НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАЪСИС ВА ТАШАККУЛИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Бинанда: 59 | Санаи нашр: 21 Феврал 2026

Ҳамасола 23-юми феврал дар кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

 Таърих гувоҳ аст, ки ягон кишвари дунё бе Артиши миллӣ вуҷуд дошта наметавонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба миён омад.

 Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд.

 Дар робита ба ин, 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва 23-юми феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе аввалин расми гузашти низоми (парад)-и афсарону сарбозони содиқи Ватан баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

 Бояд гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодию иҷтимоии мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуд. Дар ин давра ба дӯши Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаи муҳиме гузошта шуда буд ва ин ниҳоди эътимодбахши давлату миллат бо вуҷуди аз сифр оғоз намудани кор дар ин самт аз уҳдаи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда бомуваффақият баромада, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистию террористӣ рисолати фарзандию шаҳрвандии худро ба таври шоиста иҷро намуданд.

 Ҳукумати мамлакат баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ходимони ҳарбӣ аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.

 Маврид ба зикр аст, ки нақш ва мақоми Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани сохти давлатдории миллӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, аз байн бурдани кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат басо бузург аст. Тавре Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: “Мо – ҳамагон хизмати шоистаи афсарону сарбозони далеру шуҷои Ватанро дар рӯзҳои вазнини ба сари миллати тоҷик омада, набояд фаромӯш кунем, зеро ин қувваи эътимодноки давлат тавонист, ки мардуми шарафманди тоҷикро аз ҳолатҳои ногувори ҳамонвақта раҳоӣ бахшад”.

 Шуруъ аз соли 1997 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамринҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир саҳми арзишманди худро гузоштааст.

 Маҳз дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти мамлакат, бахусус дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамчун неруи тавонои дифои кишвар, амнияту дахлнопазирии марзу буми мамлакатро пурра таъмин месозад.

 Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб медонад, ки ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон тӯли солҳои мавҷудияташ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро кардаанд ва эътимоди комил дорем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии ватани маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии кишварро таъмин менамоянд.

 Нақш ва мақоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис додани Артиши миллии мамлакат хеле бузург мебошад. Зеро дар шароите, ки Артиши миллӣ таъсис дода шуд, мушкилотҳои зиёд дар мамлакат вуҷуд доштанд, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда бо як хислати ҷасурӣ, далериву мардонагӣ ва таҳаммулпазирӣ Пешвои муаззами миллат ин сипари боэътимоди давлатро таъсис доданд.

 Имрӯз бо ифтихору қаноатмандӣ мо метавонем иброз намоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон вазифаи ҷонии худро сарбаландона адо менамоянд ва ин шуҷоату мардонагиро дар руҳияи ҷавонони мамлакат бедор месозанд.

 Рустамзода Фитрат Музаффар, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top