Экстремизм ва терроризм на ақидаанду на мубориза, балки ҷиноят алайҳи инсониятанд. Онҳо бо номи дин, озодӣ ё адолат зуҳур мекунанд, аммо дар асл танҳо марг, тарс ва вайронии ҷомеаро меоранд. Ҳеҷ ҳадафи сиёсӣ ё идеологӣ куштани бегуноҳонро сафед карда наметавонад. Вақтҳои охир дар шабакаҳои маҷозӣ “Саге бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин” дар зери сояи хоҷагони хориҷиаш пинҳон шуда, тарафи Ватану миллати азизамон ҳаккос зада истодааст. Ин экстремист худро қаҳрамон вонамуд месозад, вале дар асл душмани сулҳ, амният ва ояндаи миллат аст. Ӯ на танҳо қонун, балки арзишҳои ахлоқӣ ва инсониро поймол мекунад.

Ҷомеае, ки чунин амалҳоро нодида мегирад ё сафед месозад, худ ба хатар рӯ ба рӯ мешавад. Бахшиш он ҷо маъно дорад, ки пушаймонӣ ва ислоҳ вуҷуд дошта бошад. Аммо терроризм роҳи огоҳона ва хунолуд аст. Аз ин рӯ, экстремист ва террорист бахшида нахоҳад шуд, на аз ҷониби қонун, на аз ҷониби виҷдони ҷомеа ва на аз ҷониби таърих. Мо мардуми тамаддунофари тоҷик ба ҳаккоси ин сагҳои палиди Ватанфурӯш вокуниш нишон дода, намегузорем, ки Ватани ободу миллати ороми моро нороҳат созанд. Чунки, ҳифзи сулҳ ва амният вазифаи ҳар шаҳрванд аст. Танҳо бо зиракӣ, ваҳдат ва радди қатъии ифротгароӣ метавон ояндаи осоишта сохт.
Мо мардуми шарифи Тоҷикистони орому осуда, зери сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзу оромии Ватани маҳбубамон ҷонамонро дареғ надошта, намегузорем, ки ИҚБОЛБИИ ВАТАНФУРӮШ бо туҳмату сафсатаҳои бе асосаш ҷомеаи моро ноором созад. ХИЁНАТ БАХШИДА НАМЕШАВАД!!! ХОНУМ ИҚБОЛБӢ....
Фирӯз Ашуров, омӯзгор
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 