САДА – ҶАШНИ МАЪРИФАТ ВА КАШФИЁТИ БАШАРӢ

Бинанда: 17 | Санаи нашр: 29 Январ 2026

Сада аз ҷумлаи куҳанбунёдтарин ҷашнҳои мардуми ориётабор ба шумор рафта, дар низоми фарҳангӣ ва маънавии тоҷикон мавқеи хосса дорад. Ин ойин, ки дар нимаи дуюми зимистон - тақрибан охири моҳи январ ва аввали феврал баргузор мегардад, ифодагари рӯшноӣ, гармӣ, умед ва пирӯзии хирад бар сардӣ ва зулмот аст. Сада танҳо як маросими суннатӣ набуда, балки бозтоби ҷаҳонбинии илмӣ, иҷтимоӣ ва фалсафии ниёгони мо маҳсуб меёбад.

Дар бораи мафҳуми «Сада» назарҳои гуногун мавҷуданд. Бар пояи бархе аз манобеи таърихӣ, ин вожа бо шумораи «сад» иртибот дошта, ба гузаштани сад шабонарӯз то фаро расидани Наврӯз ишора мекунад. Тибқи ривоятҳо, ниёгони мо шаб ва рӯзро ҷудогона мешумориданд ва аз рӯзи Сада то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ҳисоб мешуд. Бархе муҳаққиқон бар онанд, ки «Сада» маънои падид омадан, равшан шудан ва ошкор гардидани нурро дорад. Дар ҳар сурат, ҳамаи ин таъбирҳо ба як маъно - гузариш аз сардию торикӣ ба гармӣ ва рӯшноӣ бармегарданд.

Аз нигоҳи таърихӣ, Сада дар рӯзи даҳуми моҳи баҳман таҷлил мешуд, ки мувофиқи тақвими имрӯза ба охири моҳи январ рост меояд. Ин ҷашн пас аз сипарӣ шудани «чиллаи калон» фаро мерасид ва ҳамчун нишонаи шикастани қудрати сардиҳои зимистон маънидод мешуд. Барои мардум, бахусус деҳқонон, Сада муждаи наздик шудани баҳор ва оғози давраи нави зиндагӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар анъанаҳои бостонӣ, оташ нақши марказӣ дошт. Афрӯхтани гулханҳо рамзи арҷгузорӣ ба неруи гармӣ, нур ва ҳаёт буд. Мардум гирди оташ ҷамъ омада, шодмонӣ мекарданд ва аз қувваҳои табиат баракат металабиданд. Ин ойин ба худои рӯшноӣ ва гармӣ - Меҳр (Митра) низ вобастагӣ дошт ва ифодагари пайванди инсон бо олам ба шумор мерафт.

Дар осори донишмандону адибони классик, аз ҷумла Абӯрайҳони Берунӣ, Фирдавсӣ ва Умари Хайём, Сада ҳамчун ҷашни маърифат ва кашфиёти башарӣ ёд шудааст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши ин ҷашнро ба Ҳушанг нисбат медиҳад, ки ҳангоми бархӯрди ду санг оташро кашф кард. Ин ривоят рамзи дарки қонунҳои табиат ва истифодаи оқилонаи онҳо аз ҷониби инсон мебошад.

Аз ҷиҳати илмӣ, Сада баёнгари қадами бузурги инсоният дар роҳи пешрафт аст. Кашфи оташ ба инсон имкон дод, ки аз сармо эмин монад, ғизоро пухта истеъмол кунад, муҳити зистро тағйир диҳад ва зиндагии худро амнтар созад. Ин равандро метавон нахустин зинаҳои тафаккури илмӣ ва таҷрибавӣ арзёбӣ кард. Аз лиҳози фалсафӣ бошад, оташ дар Сада рамзи дониш, бедории андеша ва равшанфикрӣ маҳсуб меёбад.

Сада ҳамчунин аҳаммияти иҷтимоӣ дорад. Ҷамъ омадани мардум, тақсими ғизо, иҷрои суруду таронаҳо ва орзуи соли фаровон руҳияи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тақвият мебахшид. Ин ҷашн мардумро ба сабру таҳаммул, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба табиат тарбия мекард.

Робитаи Сада бо кишоварзӣ низ назаррас аст. Пас аз таҷлили он, деҳқонон ба омодагӣ барои корҳои баҳорӣ оғоз мекарданд. Аз ин рӯ, Сада як навъ тақвими мардумии табиӣ ба шумор мерафт, ки бар асоси мушоҳидаи иқлим ва фаслҳо шакл гирифта буд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба расму оин, анъанаҳои аҷдодиву ниёгонамон ва ҷашну идҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иди Сада дубора эҳё гардид ва имрӯз ба як унсури муҳимми худшиносӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ табдил ёфтааст. Таҷлили он имрӯз на танҳо гиромидошти суннатҳои ниёгон, балки василаи таҳкими ҳувияти миллӣ ва пайванди наслҳо мебошад.

Сада ҷашнест, ки дар худ унсурҳои фарҳанг, илм, фалсафа ва ахлоқро ба ҳам меорад. Он паёми равшане дорад: инсон бояд бо табиат ҳамоҳанг зиндагӣ кунад, донишро арҷ гузорад ва ба неруи ақлу ҳамбастагӣ такя намояд. Ин ойин гувоҳи он аст, ки ниёгони мо соҳибхирад, мушоҳидагар ва донишандӯз буданд. Имрӯз низ Сада метавонад барои ҷомеа рамзи пирӯзии нур бар зулмот, дониш бар ҷаҳолат ва ваҳдат бар парокандагӣ бошад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили ин ҷашни бостонӣ дубора ҷон гирифта, ба эҳёи суннатҳои миллӣ ва таҳкими арзишҳои таърихии тоҷикон мусоидат мекунад.

Музамбила Султонӣ, омӯзгори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top