РУШДИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Бинанда: 23 | Санаи нашр: 12 Январ 2026

Дар паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи энергетика, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ба кор даровардани неругоҳи калонтарин, аз ҷумла неругоҳи тақдирсози Роғун таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Пешвои миллат дар Паём иброз доштанд, ки соҳаи энергетика дар рушди иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар нақши калидӣ дорад ва ҳукумат барои тараққиёти он аҳаммияти махсус медиҳад.

  Роҳбари давлат аз ҷумла баён намуданд, ки дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд.

Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд. Аз ҷумла соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд.

  Дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ як қатор лоиҳаҳои муҳимми дигар, аз ҷумла бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ амалӣ карда шуданд.

  Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт соат дар соли 2025 расонида шуд.

  Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Мо мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар шароити маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ ба хубӣ медонем. Ин ҳолат аз як тараф, натиҷаи афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии шумораи корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ, афзудани истеъмоли неруи барқ ва аз тарафи дигар, таъсири камбориш омадани тирамоҳи имсола ва кам гардидани воридшавии об ба обанбори неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад”.

  Дар Паём иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 1 миллиону 300 ҳазор хонаи истиқоматии нав сохта шуда, беш аз 8 миллиону 400 ҳазор нафар сокинон шароити зисти худро беҳтар кардаанд. Танҳо дар 7 соли охир дар мамлакат 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст, ки ин ҳама боиси афзоиши истеъмоли неруи барқ гардидааст. Илова бар ин, талафоти неруи барқ ҳоло ҳам зиёд буда, беш аз 3 миллиардро ташкил медиҳад.

Қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои бартарафсозии ин мушкилот тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд. Инчунин, моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад.

  Пешвои миллат дар Паём иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома медиҳад. Ҳоло дар иншооти мазкур 18 ҳазору 600 нафар коргарон, яъне сохтмончиён ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд ва шумораи техника, яъне мошину механизмҳо зиёда аз 3900 ададро ташкил медиҳад. Барои идомаи босуръати корҳои сохтмон дар неругоҳ соли равон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд ва то имрӯз қариб 60 фоизи корҳои сохтмони неругоҳ ба анҷом расонида шудаанд.

  Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, тамоми роҳбарону масъулин ва сохтмончиёни ин иншооти бузург дастур доданд, ки сохтмони неругоҳро бо масъулияти баланд ва босифат вусъат бахшида, иҷрои супориши додашударо ҷиҳати дар моҳи сентябри соли 2027 ба кор даровардани агрегати сеюми неругоҳ, яъне расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин намоянд.

  Дар Паём гуфта шуд, ки тибқи таҳлилҳо талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад. Дар ин раванд, барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо неруи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ нақши калидӣ дорад.

  Тавре Пешвои миллат иброз доштанд, дар давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар кишвар якчанд неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор дода мешавад. Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об вазифадор карда шуданд, ки ҳамкориро бо сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ тақвият бахшида, барои татбиқи саривақтии лоиҳаҳо тадбирҳои фаврӣ андешанд. Инчунин, корҳоро оид ба пурра ҷорӣ намудани низоми муосири биллингӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ дар шабакаҳои барқии кишвар ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд.

Дар Паём қайд гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имкон дорад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо неруи барқи «сабз» ва оби хунук таъмин созад. Аз ин рӯ, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ба мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» чораҷӯйӣ намояд.\

  Хулоса, соҳаи энергетика дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвари мо мавқеи хосса дошта, он дар пешрафти иқтисодиёт, илму фарҳанги мамлакат нақши калидӣ мебозад ва сокинони мамлакат бояд донанд, ки сарфаи ҳар як киловатт соат қувваи барқ иқтидори энергетикии мамлакатро боз ҳам пуриқтидортар месозад.

Алимардонзода Бобохон Маҳмадӣ, н.и.т., муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top