Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд.
Воқеан, Паёми Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат менамояд, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии мамлакат ва дар ҳамин асос муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.
Вобаста ба силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ бошад, исбот гардид, ки ҳар яке аз онҳо бомуваффақият амалӣ шуда истодаанд. Дар Паём бештар таваҷҷуҳ ба раванди расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва як қатор иқдомҳо дар ин самтҳои барои давлат ҳаётан муҳим, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Бояд ёдовар шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати стратегиест, ки иҷрои он омили пешравии босуръати иқтисодию иҷтимоии мамлакат ҳисоб мешавад. Дар он роҷеъ ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқи тартибот, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ таъмин карда мешавад.
Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пайванди ногусастанӣ доштани рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм ибрози андеша намуда, таъкид намуданд, ки дар ду мулоқотҳои баргузоргардида бо аҳли илм ва маорифи кишвар мушкилот ва дурнамои соҳа ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд. Ҳоло амалисозии онҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда бомаром идома дорад.
Дар баробари ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯинашаванда боқӣ хоҳанд монд.
Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон сохтанд, ки иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда аз тамоми халқи Тоҷикистон ва дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа заҳмату талоши боз ҳам бештарро тақозо мекунад. Дар Паём инчунин дастовардҳо дар самти амалишавии ҳар як ҳадафи стратегӣ муфассал арзёбӣ гардида, барои пурра расидан ба ҳадафҳои стратегии ҳаётан муҳим вазифагузориҳои ҷиддӣ ироа гардид.
Сарвари давлат дар самти беҳтар намудани сифати таълим, соҳибмаърифатгардонии саросарии аҳолӣ, рушди илм, махсусан, илмҳои табиӣ ва дақиқ дар кишвар як қатор тадбиру чорабиниҳо роҳандозӣ намуданд. Вазорати маориф ва илм ташаббусу таҷрибаҳоро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар васеъ татбиқ намуда истодааст.
Илова бар ин, зимни ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давлат супориш дода шуд, ки ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд.
Ҷиҳати беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ зиёд гардид. Ҳамаи дастгириҳо аз он далолат медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Сарвари давлат сиёсати халқпарварона буда, ба мардуми оддӣ ва куллӣ шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Мазмун ва муҳтавои Паёми навбатӣ бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Таҳлили Паём нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд.
Ҳамин тариқ, Паёми навбатии соли 2025 бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намудааст.
Пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлолияти кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ неруи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозем.
Ҷамила Ғафурова, роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 