ЗАБОНОМӮЗӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР

Бинанда: 52 | Санаи нашр: 09 Январ 2026

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар шароите пешниҳод гардид, ки ҷомеа бо вазифаҳои мураккаби мутобиқшавӣ ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳои нав ва таҳкими сармояи инсонӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Бояд қайд намуд, ки Паём на танҳо ҳуҷҷати роҳнамо барои мақомоти давлатӣ, балки санади иҷтимоие мебошад, ки ҷомеаро ба ҳадафҳои умумимиллӣ равона месозад, ҳисси масъулияти шаҳрвандиро тақвият мебахшад ва аҳаммияти рушди инсонро ҳамчун пояи пешрафти устувори ҷомеа таъкид менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ вазифаҳои мушаххас муайян намуданд.

Дар Паём бори дигар рушди инсон, маориф ва арзишҳои миллӣ ҳамчун заминаи пешрафти устувори ҷомеа таъкид гардиданд. Ин мавқеъ нишон медиҳад, ки давлат ояндаи худро пеш аз ҳама дар сатҳи маърифат, тафаккур ва қобилияти зеҳнии шаҳрвандон мебинад. Яке аз масъалаҳое, ки Пешвои миллат истода гузаштанд оид ба забону забономӯзӣ мебошад. Дар ин раванд таъкид мегардад, ки забон танҳо воситаи гуфтугӯ набуда, балки муҳити ташаккули дониш, андеша ва ҷаҳонбинӣ ба шумор меравад.

Дар ҷаҳони имрӯза, ки рушди ҷомеа бо тағйироти босуръати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷараён мегирад, пешрафти давлатҳо ҳарчи бештар ба сатҳи дониш, маърифат ва қобилияти фикр кардани мардум вобаста мешавад. Давлатҳо дигар танҳо бо захираҳои иқтисодӣ ё имкониятҳои техникӣ рақобат намекунанд, балки бо фарҳанги тафаккур, сифати муошират ва иқтидори зеҳнии шаҳрвандонашон муаррифӣ мегарданд. Дар чунин шароит, забон мақоми махсус касб намуда, ба яке аз пояҳои асосии рушди иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа табдил меёбад.

Забон инсонро бо ҷомеа мепайвандад ва тавассути он инсон таҷрибаи зиндагӣ андӯхта, донишҳо аз бар мегарданд ва арзишҳои миллӣ ҳифз мешаванд. Миллате, ки ба забономӯзӣ ва рушди он аҳамият медиҳад, метавонад на танҳо ҳувияти худро нигоҳ дорад, балки дар баробари дигар миллатҳо мавқеи устувор пайдо кунад. Аз ин ҷиҳат, забон ҳамзамон воситаи муттаҳидсозии ҷомеа ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.

Дар чунин замина, забономӯзӣ ба як раванди фарогир ва таъсиргузор табдил меёбад. Он дигар танҳо омӯзиши қоидаҳо ё захираи луғат нест, балки равандест, ки ба ташаккули шахсият ва пешрафти ҷомеа таъсири мустақим мерасонад. Омӯзиши забонҳо ба инсон имкон медиҳад фикрашро равшан баён кунад, дигаронро беҳтар дарк намояд ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кунад. Ҷомеае, ки фарҳанги забономӯзӣ дорад, одатан таҳаммулпазиртар ва омодаи қабули навгониҳо мегардад.

Таъкиди рушди инсон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз ба ҳамин маъно ишора гардидааст. Вақте рушди инсон дар маркази сиёсати давлатӣ қарор мегирад, ин маънои онро дорад, ки таваҷҷуҳ ба сатҳи маърифат, қобилияти фикрӣ ва рушди шахсияти шаҳрвандон равона шудааст. Забономӯзӣ дар ин раванд нақши калидӣ мебозад, зеро маҳз тавассути забон инсон дониш меомӯзад, ҷаҳонро мефаҳмад ва муносибати худро ба ҷомеа ташаккул медиҳад. Шахсе, ки забонро хуб медонад, осонтар меомӯзад, боварии бештар ба худ дорад ва дар ҷомеа ҷойгоҳи намоёнро пайдо мекунад.

Махсусан қайд гардид, ки ҷавонон ояндаи ҷомеа мебошанд ва сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии онҳо самти рушди минбаъдаро муайян мекунад. Омӯзиши забонҳо ба ҷавонон имконият медиҳад, ки ҷаҳонро васеътар бинанд, бо дигарон озодона муошират кунанд ва ба тағйироти замон мутобиқ шаванд. Аз ҳамин ҷиҳат, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷавонон таъкид гардида, забономӯзӣ ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи ҷомеа арзёбӣ гардид.

Ҷаҳони муосир ҳар рӯз бештар ба ҳам пайваст мешавад. Муоширати байни кишварҳо ва фарҳангҳо меафзояд ва донистани забонҳо ба шарти муҳим табдил меёбад. Забономӯзӣ ба ҷомеа имкон медиҳад, ки бо ҷаҳони беруна робитаи фаъол дошта бошад, таҷрибаи пешрафтаро омӯзад ва ҳамзамон ҳувияти худро нигоҳ дорад.

Ҳамин тариқ, забономӯзӣ имрӯз танҳо як самти маориф нест, балки роҳи муҳими рушди миллатҳо ва пешрафти ҷомеа мебошад. Забон ба инсон имкон медиҳад, ки фикр кунад, бифаҳмад ва созанда бошад, ба ҷомеа бошад - муттаҳид, огоҳ ва бомаърифат гардад.

 

Фирӯза Шарифӣ, сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top