МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ УСТУВОРИ

Бинанда: 83 | Санаи нашр: 07 Январ 2026

(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он соли таърихӣ номиданд, зеро дар ин сол ҳодисаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихоботҳои Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси миллӣ баргузор шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нав – таҳкими мавқеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва байналмилалӣ ворид шудааст. Паёми мазкур идомаи мантиқии сиёсати устувори давлатдорӣ аст, ки ба ҳифзи истиқлол ва рушди устувор нигаронида шудааст.

Яке аз нуктаҳои марказии Паём таҳлили дастовардҳои соли 2025 аст. Пешвои миллат ба ҳалли пурраи масъалаҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, имзои шартнома дар бораи нуқтаи сегонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ таъкид карданд.

Дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд: қатъномаҳои СММ дар бораи "Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ", "Нақши зеҳни сунъӣ дар таъмини имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ", ворид кардани мероси фарҳангии қадимаи Ҳутталӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи эълон кардани соли 2027 ҳамчун "Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ". Ин дастовардҳо ҳамчун эътирофи байналмилалии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалӣ арзёбӣ мешаванд.

Ҳамчунин, пешрафт дар технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ зикр шуд, ки онҳоро барои рушди иқтисодӣ ва содироти хидматҳо истифода бурдан лозим аст. Таҳлил нишон медиҳад, ки ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати фаъоли хориҷӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор муаррифӣ мекунад.

Пешвои миллат пешрафти босуръат дар саноат, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиётро таҳлил карданд ва ба ҳукумат супориш доданд, ки ба бахши хусусӣ дастрасӣ ба захираҳо, хидматҳои давлатӣ, иттилоот, маблағҳои арзон, технологияҳо ва донишҳоро осон гардонанд. Барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва мавқеи бозорӣ Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 ва таъсиси Фонди кафолати қарзӣ барои қарзҳои арзону дарозмуддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ пешниҳод шуд. Ин чораҳо ба ҳадафи рушди устувори иқтисодӣ, коҳиши вобастагӣ аз воридот ва афзоиши содирот нигаронида шудаанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳим аст.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад. Дар робита ба ин, пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Ҳамчунин, аз 1 сентябри соли 2026 афзоиши маошҳо эълон гардид: 25% барои кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, 20% барои дигар кормандони маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва муассисаҳои давлатӣ, инчунин 20% барои стипендияҳо ва маошҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ. Ин чораҳо нишон медиҳанд, ки давлат ба рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани сифати маориф диққати хосса медиҳад, ки барои тайёр кардани кадрҳои муосир зарур аст.

Дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, афзоиши маошҳо ва нафақаҳо ҳадди ақалл 15% аз 1 сентябри 2026 эълон шуд, ки барои беҳбуди вазъи гурӯҳҳои осебпазир нигаронида шудааст. Ин сиёсат идомаи ҳадафҳои иҷтимоӣ аст, ки ба коҳиши фақр ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Дар соҳаи фарҳанг бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе ва Маркази байналмилалии Наврӯз пешниҳод шуд, ки фалсафа, анъанаҳо ва ҷанбаҳои гуманитарии Наврӯзро барои тарбияи наслҳои оянда истифода мебарад. Ин чораҳо ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ нигаронида шудаанд.

Дар Паём ба масъалаҳои забон, ҳифзи фарҳанг ва мерос ҳамчун омили ваҳдати миллӣ, ҷавонон, занон ва варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст.

Пешвои миллат таҳкими равобити дӯстонаро бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ таъкид намуда, иброз доштанд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва глобалӣ нигаронида шуда, дар ҳалли масъалаҳои пешомада, аз ҷумла тағйири иқлим ва рушди устувор нақши калидӣ мебозад.

Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 - "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардид.

Паём сарчашмаи илҳом барои ҳар як сокини мамлакат аст, то ин ки дар рушди кишвар саҳм гузорад. Мо омӯзгорон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун дастури раҳнамо сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, баҳри пешрафт ва ободию шукуфоии ватани маҳбубамон дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид гардида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми арзандаи худро мегузорем.

Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои ДДТТ

Нурмаҳмадов Замир Мирмаҳмадович, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top