ТАКМИЛИ НИЗОМИ АНДОЗ ВА АНДОЗБАНДӢ

Бинанда: 22 | Санаи нашр: 02 Январ 2026

(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

 Ҷузъи асосии низоми иқтисодии ҳар як кишвари ҷаҳон ин низоми андозбандӣ мебошад. Аз фаъолияти пурсамари ин низом имкониятҳои иктисодии он, сифати зиндагии аҳолӣ, амнияти миллӣ ва дар маҷмуъ вазъи умумии кишвар вобастагии амиқ дорад. Маҳз тавассути низоми андоз буҷети давлатӣ бо воситаҳои пулӣ таъмин гардида, дар навбати худ барои рушди муътадили вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсӣ ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ зарур мебошад.

 Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “То имрӯз барои такмили маъмурикунонии андоз, тавсеаи ҳамкориҳои фосилавӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва густариши иқтисоди рақамӣ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025» як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.

 Тадбирҳои амалигардида ба рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои электронии давлатӣ, соддагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва болоравии фарҳанги андозсупории соҳибкорон мусоидат намуданд.

Бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд. Ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон чораҳои иловагӣ андешанд”.

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол зиёд гардидани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва ба ҳисоби миёна ҳар сол 7,6 фоиз рушд ёфтани соҳаҳои иқтисоди миллӣ боиси афзун шудани нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ ва дар ин замина беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолии мамлакат гардидааст.

Хулоса, такмили низоми андоз ва ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилаи андозӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ тақозои замон буда, ҷиҳати коҳиш додани омилҳои инсонӣ мусоидат менамояд, барои ҳавасмандӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ вусъат бахшида, дар ин радиф барои ташаккул ва рушди Ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Давлатов Эҳсон Мираҳмадович, муаллими калони кафедраи андоз ва андозбандӣ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top