Дар паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои солҳои наздик муайян карда шуданд.
Дар Паёми Пешвои миллат чунин дастовардҳо зикр гардиданд:
1. Рушди устувори иқтисодӣ
Президенти кишвар таъкид карданд, ки ҳадафи асосӣ таъмини рушди босуръати иқтисод, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва зиёд намудани маҳсулоти дохилӣ мебошад. Ба саноатикунонии босуръат, диверсификатсияи иқтисод ва дастгирии соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Қайд карда шуд, ки тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд.
• Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт;
• Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид;
• Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд;
• Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид;
• Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт;
• Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт;
• Соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид.
2. Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Яке аз масъалаҳои калидии Паём рушди иқтисоди рақамӣ мебошад. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ, молия, андоз, гумрук, маориф ва тандурустӣ ҳамчун омили баланд бардоштани шаффофият ва самаранокӣ арзёбӣ шуд. Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.
3. Сиёсати иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ
• баланд бардоштани маош, нафақа ва стипендияҳо,
• коҳиши сатҳи камбизоатӣ,
• беҳбуди дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.
Президенти кишвар рушди сармояи инсонӣ ва адолати иҷтимоиро аз афзалиятҳои давлатӣ номиданд. Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
4. Маориф, илм ва кадрҳо
Тақвияти сифати маориф, омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба иқтисоди муосир, рушди илм, технология ва инноватсия аз самтҳои муҳими Паём буд. Таъкид шуд, ки маориф асоси рушди дарозмуддати давлат аст.
5. Тандурустӣ ва амнияти иҷтимоӣ
Дар соҳаи тандурустӣ беҳтарсозии инфрасохтор, рақамикунонии хизматрасониҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа зикр гардид.
6. Амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ
Дар Паём ба масъалаҳои амнияти миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ҳамчунин ба тақвияти мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун омили рушди устувор арзёбӣ гардиданд.
7. Ҳуқуқу қонун ва идоракунии давлатӣ
Тақвияти волоияти қонун, ислоҳоти идоракунии давлатӣ, шаффофият ва мубориза бо коррупсия ҳамчун шарти муҳими рушди давлат таъкид карда шуд.
Боиси ифтихор аст, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавию зудтағйирёбанда, бо истиқлолияти таффаккур, истиқлолияти эҷодкориҳо, истиқлолияти сохтанҳо, истиқлолияти ақлҳо, истиқлолияти энергетикӣ, истиқлолияти рақамҳо, истиқлолияти фановариҳои рақамӣ, истиқлолияти сабзпӯшиҳову сабзкорӣ, истиқлолияти маърифату маъруфият, истиқлолияти ҷоизаҳову қадршиносиҳо қарор доранд. Бешубҳа, ин неъматест бебаҳову беҳамто! Дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ бо талош, бо заҳмат, бо андешаҳои ояндасоз, бо дили пур аз меҳр, бо қалби пурматонат ва мардонагиву иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба давлати воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ табдил ёфт.
Ҷаҳони пешрафта имрӯз, маҳз тавассути дастовардҳои илм ва инноватсия, моликияти зеҳнӣ рушд ва такомул дорад. Пешвои дурандеш ва ояндабин масоили рушди иқтисоди рақамиро чанд сол пеш масъалагузорӣ карда буданд ва ҳоло тамоми соҳаҳои иқтисодиёт бо технологияи рақамӣ самараи дучандро соҳиб аст. Бо ташаббуси Пешвои маҳбуб солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуд, ин аст маҳбубият ва вокуниш ба рушди зеҳни сунъӣ.
Боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои маҳбуби миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад.
Дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Истифодаи технологияи рақамӣ дар ташаккул ва вусъатёбии иқтисодиёти инноватсионӣ заминаи воқеӣ гузошта истодааст. Бинобар ин, равандҳои рақамисозӣ ва зеҳнии сунъӣ сармояи инсониро, ки дар он донишҳои рақамӣ ва таҳсилоти рақамӣ нақши махсус доранд, ба таври назаррас тағйир медиҳад.
Дар ин роҳи пурпечутоб матонату зеҳнияти истиқлолпарвар ва ҷасорати Пешвои муаззами миллат моро роҳнамост.
Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич, д.и.и., и.в. профессори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 