ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Бинанда: 36 | Санаи нашр: 31 Декабр 2025

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ падидаи нави замони Истиқлол, санади сарнавиштсоз, роҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегарданд.

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъиятро ҳаматарафа таҳлил намуда, вазифаҳои навро барои соли 2026 муайян намуданд.

Пешвои миллат дар атрофи масоили иқтисодӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ сухан ронда, зикр намуданд, ки барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар 10 соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Ҳамчунин дар ин самт Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ тақвият бахшида шавад.

Пешвои миллат Хадамоти алоқаро вазифадор карданд, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Барои иҷрои ин вазифа зарур аст, ки ҷиҳати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Барои омӯзиши талаботи бозори меҳнат дар самти иқтисоди рақамӣ, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор карда шуданд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин, ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки корро ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохт тақвият бахшанд.

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.

Ахмедов Азизхон Абдураҳмонович, муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top