Ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа менамоянд. Паёми навбатӣ моро боз бештар водору вазифадор месозад, ки дар роҳи худшиносию худогоҳӣ устувор бошему ба рушди минбаъдаи ҷомеаи муосир масъули кору вазифаи худ бошем.
Паём як санади муҳимми сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Дар Паёми имсола Президенти кишвар ба зарурати ҳифзи истиқлол, таъмини амнияти давлатӣ ва муқовимат бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ таъкид намуданд. Инчунин, рушди соҳаи иқтисоди рақамӣ, дастгирии соҳибкорӣ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифт.
Дар Паём таъкид карда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, гирифтани донишҳои бо талаботи замони нав мувофиқ, азхудкунии технологияҳои инноватсионию зеҳнӣ ва касбу ҳунар тадбирҳои зарурӣ андеша шаванд. Пешвои миллат гуфтанд, ки “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ҷавонони ояндаи мамлакати мо ба пешрафти илму технология ноил шуда, фарзандони мо дар ҳаёти мустақилонаи худ ба душвориҳо рӯ ба рӯ нашаванд”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25%, маоши дигар кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм фарҳанг тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва стипендия ё идрорпулиҳо 20% ва музди меҳнати кормандони мақомоти қудратӣ 20% зиёд карда шавад. Тибқи супориши Сарвари давлат аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнативу иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба онҳо 15 фоиз зиёд хоҳад шуд.
Президенти мамлакат дар Паёми имсола тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, дастовардҳои онҳоро бо далелҳои аниқ мушаххасан гуфта гузашта, дурнамои онро дар алоҳидагӣ ба воситаи супоришҳо ва дастурҳо муайян намуданд. Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар ҳамаи Паёмҳо Сарвари давлат аз он сухан меравад, ин масъалаи ободонӣ ва созандагӣ, эҳтиром гузоштан ба фарҳангу расму оини аҷдодии худ мебошад.
Дар фарҳанги халқи тоҷик аз давраи қадим эҳтиром ба калонсолон, махсусан падару модар, мақоми махсус доштани занон дар ҷомеа, кӯмак расонидан ба ҳамдигар дар рӯзҳои мушкилӣ дар ҷои аввал буд. Сарвари давлат қайд намуданд, ки мо бояд ин анъанаи неки худро нигоҳ дошта, онро аз насл ба насл ба мерос гузорем.
Қайд гардид, ки дар давраи солҳои истиқлолият мақоми зан модар боз ҳам баланд гардида, онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва оинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Мо кормандони соҳаи маориф Паёми имсола ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакатро сармашқи кори худ қарор дода, дар пеш бурдани сиёсати созандаю ободкорона саҳми арзишманди худро мегузорем.
Хусрав Одинабеков, муовини декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорат оид ба илм
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 