Энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ дар самти рушди иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад. Тавре ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд.
Дар баробари ин соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд. Инчунин, барои афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ як қатор лоиҳаҳои муҳимми дигар, аз ҷумла бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ амалӣ карда шуданд.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт соат дар соли 2025 расонида шуд. Чунин ҷараён аз як тараф, натиҷаи афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии шумораи корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ, афзудани истеъмоли неруи барқ ва аз тарафи дигар, таъсири камбориш омадани тирамоҳи имсола ва кам гардидани воридшавии об ба обанбори неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад.
Дар Паём қайд гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 1 миллиону 300 ҳазор хонаи истиқоматии нав сохта шуда, беш аз 8 миллиону 400 ҳазор нафар сокинон шароити зисти худро беҳтар кардаанд. Танҳо дар 7 соли охир дар мамлакат 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст, ки ин ҳама боиси афзоиши истеъмоли неруи барқ гардидааст.
Илова бар ин, талафоти неруи барқ ҳоло ҳам зиёд буда, беш аз 3 миллиардро ташкил медиҳад. Ҳукумати мамлакат барои бартарафсозии ин мушкилот тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд. Инчунин, моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома медиҳад. Ҳоло дар иншооти мазкур 18 ҳазору 600 нафар коргарон, яъне сохтмончиён ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд ва шумораи техника, яъне мошину механизмҳо зиёда аз 3900 ададро ташкил медиҳад. Барои идомаи босуръати корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ соли равон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд ва то имрӯз қариб 60 фоизи корҳои сохтмони неругоҳ ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳукумати мамлакат, тамоми роҳбарону масъулин ва сохтмончиёни ин иншооти бузург вазифадор карда шуданд, ки сохтмони неругоҳро бо масъулияти баланд ва босифат вусъат бахшида, иҷрои супориши додашударо ҷиҳати дар моҳи сентябри соли 2027 ба кор даровардани агрегати сеюми неругоҳ, яъне расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин намоянд.
Тибқи таҳлилҳо талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад. Дар баробари ин давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар кишвар якчанд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор дода мешавад.
Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об вазифадор карда шуданд, ки ҳамкориро бо сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ тақвият бахшида, барои татбиқи саривақтии лоиҳаҳо тадбирҳои фаврӣ андешанд. Инчунин, корҳоро оид ба пурра ҷорӣ намудани низоми муосири биллингӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ дар шабакаҳои барқии кишвар ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд.
Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имкон дорад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо неруи барқи «сабз» ва оби хунук таъмин созад.
Хулоса, дар Паёми Пешвои муаззами миллат нақши соҳаи энергетика дар рушди устувори иқтисодиёти миллӣ муҳим ва калидӣ арзёбӣ гардидааст. Дар баробари ин, саҳм ва рушди фаъолияти соҳаи энергетика таконбахшандаи рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад.
Хоҷазода Диловар Хайриддин, н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 