Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пешорӯи ҷомеа вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Сараввал Президенти мамлакат ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатиро рӯйдоди муҳими таърихӣ номиданд. Ҳамзамон имзои шартнома миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадиро дастоварди муҳимтарини дипломатияи тоҷик дар соли 2025 арзёбӣ карданд.
Ба назари мо, дар сархати Паёми Пешвои миллат қарор гирифтани рӯйдодҳои болозикр бесабаб нест, зеро маҳз таҳкими амният ва ҳусни неки ҳамҷаворӣ барои рушди босуботи минбаъдаи тамоми соҳаҳои мамлакат заминаи устувор мегузорад.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ шудани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳимтарини кишвари мо ба шумор меравад ва Пешвои миллат дар ин замина таъкид доштанд, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ ду пешниҳоди Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Аввалан бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд, дуввум бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Воқеан дастгирии чунин ташаббусҳои созанда, ба назари мо, аз як тараф, ҳамраъйӣ ва ибтикороти созандаи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ нишон медиҳад, аз ҷониби дигар, барои боло рафтани имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон мусоидат менамояд.
Илова бар ин, якдилона ҷонибдорӣ шудану қабул гардидани ташаббусҳои дигари Тоҷикистон оид ба «Соли байналхалқии ҳифзи пиряхҳо» (2025) ва «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии ташаббускор муаррифӣ менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускори иқдомҳои созанда ба нафъи башар, ҳомии сулҳу таҳкими амният ва муҳофизи ҳуқуқи инсон шинохта шудааст.
Дар бахши иқтисодии Паём Пешвои миллат ба рушди инноватсия, иқтисоди сабз, технологияҳои иттилоотӣ ва афзалиятҳои зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар назди мутахассисон вазифа гузоштанд, ки раванди идоракунии давлатӣ бо истифодаи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ роҳандозӣ карда шавад. Ин маънои онро дорад, ки ояндаи наздик барои гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо, вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани маорифи Тоҷикистон аз масъалаҳои меҳварии Паём ба шумор мераванд.
Ба ин хотир, барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад. Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар назди масъулин ва кормандони соҳаи маориф вазифа мегузорад, ки бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ҷиҳати гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим чораҷӯйӣ намоянд.
Сарвари давлат ба рисолати муқаддаси омӯзгор, инчунин захираҳои зеҳнӣ ва инсонӣ воқеъбинона баҳо дода, дар назди онҳо вазифаҳои навро гузоштанд: омӯзгор бояд чароғи равшани ҷомеа бошад, зираку ҳушёр бошад, аз раванди пешрафти илму дониш қафо намонад, дар доираи тахассуси худ маҳдуд нагардида пайваста омӯзад, барои ташаккули малакаҳои касбӣ боғайратона талош варзад, робитаи илм бо истеҳсолотро таъмин намояд, аз таҳаввули пурвусъати ҷаҳони имрӯза воқиф бошад.
Бояд қайд кард. ки дар Паёми имсола, масъалаҳои рушди маориф ва иқтисоди миллӣ, ҳамбастагӣ бо ҷомеаи муосир, таҳкими сулҳу субот, ҳифзи фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, ворид шудан ба ҷомеаи иттилоотӣ, бунёди ҷомеаи донишмеҳвар ва ҳифзи сарватҳои маънавӣ авлавият доранд.
Хулоса, чунин масъалагузорӣ талаби давр ва тақозои замони муосир аст. Зеро диалектикаи рушди ҷомеаи навин бар асоси пешрафту навоварӣ побарҷост ва маҳз дар амалӣ намудани имконият ва афзалиятҳои иқтисоди сабз, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ руҳи замон падидор мешавад. Яъне, Паём тантанаи давлату низом, зуҳури тозаи афкори навин, рушноии роҳи бардавом ва сапедии субҳу рӯшноии шом аст. Ба ин сурат, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи таҳкими сулҳ, амният ва рушди миллӣ мебошад.
Иброҳимзода Гулҷаҳон Холназар, ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 