ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ТАТБИҚИ СИЁСАТИ РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 30 Декабр 2025

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ҳамчун як санади муҳимми сиёсиву стратегӣ марҳилаи нави рушди давлатдорӣ, иқтисод, иҷтимоиёт ва фарҳанги миллиро муайян намуд. Дар паём натиҷаи таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи имрӯза ва дурнамои рушди кишвар мушаххас арзёбӣ гардида, он роҳнамо барои тамоми сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар Паёми имсола яке аз масъалаҳои муҳим рақамикунонии соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб мерафт. Гуфта шуд, ки “Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд”.

То ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти неруи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30 - 40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард. Бо ҷорӣ гардидани низоми рақамии биллингӣ, ҳисобу пардохти неруи барқ дақиқ, шаффоф ва автоматикӣ гардид. Ин низом имконият фароҳам овард, ки истеъмоли неруи барқ ба таври воқеӣ сабт шуда, пардохтҳо сари вақт анҷом дода шаванд. Дар натиҷа, 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пардохткунандагони ҳаққи истифодаи неруи барқ ба қайд гирифта шуда, интизоми пардохт беҳтар гардид. Ин иқдом ба баланд шудани самаранокии соҳаи энергетика, коҳиши талафот ва таҳкими суботи молиявии он мусоидат намуд.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки танҳо дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар 11 моҳи соли равон талафот 13 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 7 банди фоизӣ кам мебошад. Дар моҳи октябри соли ҷорӣ сатҳи талафот дар шаҳри Душанбе то 5,1 фоиз аз 15,1 фоизи октябри соли 2024, яъне 10 банди фоизӣ кам карда шуд.

Талафоти неруи барқ дар кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ 3 миллиард киловатт соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион киловатт соат кам шудааст. Тибқи таҳлилҳо талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад.

         Пешвои миллат зарурати сарфаю сариштакорона истифода бурдани неруи барқ аз ҷониби ҳамаи гурӯҳҳои истеъмолкунандагонро таъкид намуданд. Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об вазифадор карда шуданд, ки ҳамкориро бо сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ тақвият бахшанд ва барои татбиқи саривақтии лоиҳаҳо тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Ин таҳлилҳо нишон медиҳад, ки Паёми Пешвои миллат танҳо изҳори ният нест, балки барномаи мушаххаси амал мебошад. Дар он рақамикунонӣ ҳамчун омили асосии рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани идоракунӣ ва баланд бардоштани самаранокии соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика арзёбӣ карда мешавад. Дастуру супоришҳои ба вазорату идораҳо додашуда масъулияти онҳоро дар татбиқи сиёсати рақамикунонӣ бештар намуда, заминаи мусоидро барои рушди устувор ва пешрафти кишвар фароҳам меоранд.

Дар маҷмуъ, татбиқи сиёсати рақамикунонӣ, бахусус дар соҳаи энергетика, яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Иҷрои пайгиронаи дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда заминаи устувор барои баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, таъмини шаффофият ва рушди бемайлони кишвари азизамон фароҳам оварда, ба беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

         Тураева Муқаддам Турабойевна, н.и.и., и.в. дотсент, муовини декан оид ба илми факултети молия ва қарз

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top