ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РОҲНАМОИ КОРИ МО

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 29 Декабр 2025

Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ки дар он масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои мушаххас ҷиҳати рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим муайян карда мешавад ва он ҳамчун дастури раҳнамо ва дурнамои кори мо хизмат мекунад.

Дар Паёми худ Сарвари давлат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, чунки маҳз бо рушди ин соҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад пайваста бо маром рушду пешрафт карда, ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардад. Бинобар ин, Паёми Пешвои миллатро ҳамасола аҳли ҷомеа, алалхусус, кормандони соҳаи маориф бо руҳбаландӣ пазируфта, самтҳои фаъолияти минбаъдаи худро дар асоси он муайян менамоянд.

Таҳлилу баррасии Паём нишон медиҳад, ки Пешвои миллат вобаста ба соҳаи маориф ва илм масъалаҳои муҳимро ба миён мегузоранд, ки тадриҷан роҳи ҳалли худро ёфта, ба пешрафти муайян дар ин соҳа боис мегардад. Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат (16-уми декабри соли 2025) таъкид карданд: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илми маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад”.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва мавриди таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат маблағгузори ба соҳаи маориф мебошад. Дар Паём зикр шуд: “Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба 10 соли қабл, яъне соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад”.

Маълум аст, ки дар меҳвари таълиму тарбия омӯзгорон қарор доранд, зеро онҳо заминаи асосии вусъатбахши таълиму тарбия дар кишвар мебошанд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола музди меҳнати омӯзгорон афзун мегардад. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 20 маротиба маоши омӯзгорон баланд бардошта шуд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии онҳо мусоидат менамояд.

Нуқтаи дигари муҳиме, ки дар Паёми Пешвои миллат ба таври равшан ифода меёбад, бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ба шумор меравад. Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бунёди кӯдакистон ва мактабҳои замонавӣ бо беҳтарин шароит ва таҷҳизот бомаром идома дорад. Аз ҷумла, дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд гардидани 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ далели равшани рушди соҳа ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат дар Паём таъкид намуданд, ки дар маҳалаҳое, ки 100 оила зиндагӣ менамояд, ҳатман муассисаҳои томактабӣ бунёд карда шаванд, ки ин тадбир барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсил ва баланд гардидани сифати таълим мусоидат менамояд. Ба ин мазмун, Пешвои миллат дар Паём зикр намуданд: “...дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд”.

Омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки дар Паёми Пешвои миллат ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (26.12.19) солҳои 2020-2040-ро ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карданд. Дар ин замина корҳои зиёде анҷом дода шуда, омӯзиши ин фанҳо ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид.

Зимни омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ба хонандагон имкон фароҳам меояд, ки ба ихтироъкорӣ, навоварӣ ва тафаккури техникӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд ва дар оянда корҳои муҳими илмию амалӣ анҷом диҳанд, зеро омӯзиши фанҳои дақиқ мустақиман ба рушди ин қобилиятҳо иртибот дошта, заминаи ташаккули мутахассисони баландихтисосро фароҳам меорад. Дар ин самт дар ҷумҳурӣ барномаҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, баҳри омӯзиши бомароми фанҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

         Хоҷаев Амрохон Мирзоевич, номзади илмҳои педагогӣ, и.в. дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top