Дар шароити рушди босуръати равандҳои ҷаҳонишавӣ ва рақобати иқтисодии муосир, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба яке аз омилҳои калидии таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки истифодаи самараноки имкониятҳои иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ метавонад ба баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, афзоиши истеҳсолот ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд.
Дар ин замина, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба тадриҷ ба самти рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи технологияҳои муосир равона гардида истодааст. Таъкидҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, нишонаи равшани дарки амиқи Роҳбарияти давлат аз талаботи иқтисоди ҷаҳони муосир мебошад. Ин нуктаҳо самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишварро дар марҳилаи нави рушд муайян менамоянд.
Рақамисозии равандҳои идоракунии давлатӣ ва бахшҳои калидии иқтисод метавонад ба баланд бардоштани сатҳи шаффофият, коҳиши хароҷоти маъмурӣ ва самаранок истифода бурдани захираҳои иқтисодӣ мусоидат намояд. Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, дар навбати худ, заминаи устувор барои ташаккули иқтисоди донишбунёд фароҳам меорад, ки омили муҳими рушди дарозмуддати кишвар ба ҳисоб меравад.
Зеҳни сунъӣ ҳамчун марҳилаи нави рушди технологӣ имрӯз дар таҳлил ва қабули қарорҳои иқтисодӣ нақши муассир мебозад. Истифодаи усулҳои зеҳни сунъӣ имконият медиҳад, ки равандҳои иқтисодӣ дақиқтар пешгӯӣ гардида, идоракунии захираҳо самараноктар амалӣ карда шавад. Таъкиди Пешвои миллат ба рушди ин самт нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба истифодаи технологияҳои пешрафта ҳамчун василаи таъмини рушди инноватсионӣ аҳамияти стратегӣ медиҳад.
Дар баробари ин, масъалаи таъмини иқтисоди рақамӣ бо кадрҳои баландихтисос аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар Паём ба рушди соҳаи маориф, такмили барномаҳои таълимӣ ва тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Бе рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими иқтидори илмӣ татбиқи пурраи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ғайриимкон мебошад.
Дар маҷмуъ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ на танҳо тағйироти техникӣ, балки ислоҳоти амиқи сохторӣ ва институтсионалиро дар иқтисоди миллӣ талаб мекунад. Ин раванд тағйири тафаккури иқтисодӣ, такя ба дониш, навоварӣ ва истифодаи далелҳои илмиро ҳамчун асоси қабули қарорҳои сиёсӣ тақозо менамояд.
Хулоса, дастуру ҳидоятҳои дар Паёми навбатӣ ибрознамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи назариявӣ ва амалии рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъиро дар кишвар фароҳам меоранд. Татбиқи пайгирона ва илмии сиёсати давлатӣ дар ин самт ба таъмини рушди устувор, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар фазои иқтисодии ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Холаҳмади Сайалӣ, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи молияи ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 