ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МЕЪМОРУ СУЛҲУ СУБОТ ДАР МИНТАҚА

Бинанда: 25 | Санаи нашр: 25 Декабр 2025

Барои миллати тоҷик боиси ифтихор ва сарфарозист, ки 21 декабри соли равон дар шаҳри Санкт - Петербурги Федератсияи Россия, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо меъмори сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон. балки яке аз саҳмгузори таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд. Далели исботи ин воқеият бо пешниҳоди Пешвои миллат таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд 31 марти соли 2025 бо иштироки роҳбарони се кишвари ҳамсоя, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров маҳсуб меёбад.

31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, сарҳади миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуд.

Ин руйдоди таърихӣ ба таъмини амну субот. рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд.

 

Шарипов Маҳмадулло Исматович, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top