Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” барои зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар Паёми Пешвои миллат қайд гардид, ки ҳоло дар кишвар дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.
Зикр гардид, ки соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ, сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад.
Дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод.
Дар ин росто, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш тадбирҳои иловагӣ андешида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад.
Доир ба ин масъала, Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад.
Дар баробари ин, ҷиҳати таъмин намудани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои зеризаминӣ, тақвияти назорати давлатӣ, мусоидат ба рушди устувори соҳаи истихроҷ ва геологияи кишвар чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Саридораи геология ва Кумитаи андоз якҷо бо дигар вазорату идораҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими фаъолият дар соҳаҳои зикршударо таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд.
Доир ба ин раванд, дар санадҳои таҳияшаванда масъалаҳои вобаста ба фарогирии пурраи оморӣ, соддагардонии расмиёти давлатӣ, аз ҷумла иҷозатномадиҳӣ, такмили тартиби андозбандии захираҳои табиӣ ва ҳалли мушкилоти дигар бояд равшан инъикос карда шаванд.
Пешвои миллат хотиррасон намуданд, ки дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Зикр гардид, ки танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд.
Зикр гардид, ки дар 7 соли охир дар мамлакат 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст, ки ин ҳама боиси афзоиши истеъмоли неруи барқ гардидааст. Илова бар ин, талафоти неруи барқ ҳоло ҳам зиёд буда, беш аз 3 миллиардро ташкил медиҳад. Барои рушди иқтисоди миллӣ манбаъҳои барқароршавандаи энергия низ саҳми назаррас дорад. Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд. Инчунин, моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад.
Тибқи таҳлилҳо талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад. Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имкон дорад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо неруи барқи «сабз» ва оби хунук таъмин созад.
Бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид.
Дар ин раванд, барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо неруи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ нақши калидӣ дорад.
Амонатзода Маҳбуба Ато, н.и.г., и.в. дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 