ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Бинанда: 26 | Санаи нашр: 24 Декабр 2025

«...Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Эмомалӣ Раҳмон

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар гирифта, ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш ҳидоят менамояд. Пешвои миллат дар Паём ба тамоми соҳаҳо диққати махсус зоҳир намуда, фаъолияти соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла маорифро бо мисолҳои дақиқу мушаххас шарҳ доданд. Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии бузург дорад. Тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи соҳаи маориф, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар Паёми Роҳбари давлат соли равон низ соҳаи илму маориф ва тарбияи насли ҷавон дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дода шуд.

Дар Паём Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли таърихӣ номиданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар корҳои ободониву бунёдкорӣ аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд, ки ин ҳам як дастгирию ҳавасмандии кормандони соҳа мебошад.

Дар Паём ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.

Низоми ҳавасмандкунии соҳаи маориф, ба фаъолияти босифати кори онҳо вобаста буда, он ба болоравии сифати таълим муосидат менамояд. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф Пешвои миллат таклиф намуданд, ки аз моҳи сентябри соли 2026 музди меҳнати омӯзгорон боз ҳам баланд бардошта шавад. Албатта чунин иқдому дастгирӣ ба беҳтар гардидани фаъолияти омӯзгорон ва сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.

Дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Инчунин, Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавиро вазифадор карданд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Воқеан, саҳми омӯзгорон дар рушди соҳаи маориф бисёр назаррас буда, хизмати содиқонаву пурмасъулияти онҳо дар тарбияи кадрҳои ояндасози миллат, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар умум ба рушди устувори кишвар ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, мо - омӯзгоронро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.

Изатулло Субҳонқулов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top