Муҳимтарин дороии моддиву маънавии шахс ин Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат, ростӣ, дӯстӣ, ишқ ва меҳрубонӣ мебошад, ки инро мо дар тӯли 34 соли истиқлолият ва 27 соли ваҳдати миллӣ дар ҳар як паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос менамоем.
Хушбахтона, аксарияти кишварҳои дунё ба расмият соҳибистиқлолии Ватани моро шинохтанд. Сиёсати давлати мо дар арсаи байналмилалӣ афзуд. Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз баландтарин минбарҳои сиёсии дунё суханронӣ ва дар сессияи Созмони Милали Муттаҳид раисӣ карда, обрӯву эътибори Ватани азизамонро баланд бардоштанд.
Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 баргузор гардид, ки аз паёмҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад.
- Таҳлилҳои хеле амиқ оид ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар асри техника ва технология ба мардуми шарафманди Тоҷикистон пешниҳод шуд.
- Соли 2025 соли таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад, ки ин орзуи деринаи аҳолии ҳар ду кишвар буд.
Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.
Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.
12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист Қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
Бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.
- Барои дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда бунёд кардани Маркази байналмилалии Наврӯз дастур дода шуд. Ин далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон, ки таммадуну маданияти кадима дорем, мебошад.
Хулоса, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими суботи сиёсию иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва рушди устувори миллӣ нигаронида шуда, Тоҷикистонро ба марҳилаи нави рушд раҳнамоӣ менамояд.
Бойалӣ Хусенов, н.и.п., дотсент, мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 