Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабри соли ҷорӣ дар толори зебои Парлумони кишвар баргузор гардид.
Масъалаҳои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ ҳамчун омили таъмини амнияти иқтисодӣ дар ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, он яке аз ҳадаф ва афзалиятҳои сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.
Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд.
Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Дар 10 соли охир аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.
Президенти кишвар қайд намуданд, ки ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд. Ин бевосита дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мебошад.
Дастгирӣ ва ғамхории дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешаванд;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд.
Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешаванд.
Пешвои миллат соли 2026-ро соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти маҳбубамон рӯз аз рӯз ободу зеботар гардида, шаҳру деҳоти мамлакат симои худро ба куллӣ тағйир додаанд. Арзи ҳастӣ намудани садҳо корхонаю муассисаҳо ва сохтмонҳои азим, аз ҷумла неругоҳҳо, нақбҳо, роҳҳои ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва муассисаҳои таълимӣ далели ин гуфтаҳо буда, аз ҷаҳду талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан ҳам, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд, башорат медиҳад.
Фирӯз Исмоилзода, доктор PhD, дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 