ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН АСОСИ МЕТОДОЛОГӢ ВА СТРАТЕГИИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ ВА СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ДАВЛАТ

Бинанда: 14 | Санаи нашр: 20 Декабр 2025

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 дар низоми санадҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар мавқеи калидӣ дошта, ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии давлатро барои марҳалаи минбаъда муайян менамояд.

Аҳамияти илмии ин Паём дар он зоҳир мегардад, ки он бар пояи таҳлили воқеияти дохилӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ таҳия гардида, маҷмуи ҳадафҳо, афзалиятҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар шароити тағйирёбандаи иқтисоди байналмилалӣ дар бар мегирад.

Дар Паёми соли 2025 рушди устувори иқтисодӣ ҳамчун ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ муаррифӣ гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бояд бо беҳбуди сифати зиндагии аҳолӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ҳамоҳанг бошад.Чунин равиш ба консепсияи рушди устувор мувофиқат намуда, имконият медиҳад, ки рушди иқтисодӣ на кӯтоҳмуддат, балки дарозмуддат ва мутавозин таъмин гардад.

Яке аз масъалаҳои меҳварии Паём рушди босуръати маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Дар ин замина, тағйир додани сохтори ММД ба нафъи соҳаҳои истеҳсолӣ, пеш аз ҳама саноат ва энергетика ҳамчун омили калидии рушди воқеии иқтисод арзёбӣ мегардад. Афзоиши саҳми саноат дар ММД имконият медиҳад, ки вобастагии иқтисод аз омилҳои беруна коҳиш ёфта, арзиши иловашуда дар дохили кишвар ташаккул ёбад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба сифати яке аз шартҳои муҳими рушди иқтисодӣ баррасӣ шудааст. Таъкид мегардад, ки бе сармоягузории самаранок татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва инфрасохтор ғайриимкон мебошад. Сиёсати сармоягузорӣ бояд ба беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ ва рушди механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ равона карда шавад. Ҳамзамон, рушди сармоягузории дохилӣ ҳамчун унсури муҳими устувории иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

Сиёсати буҷетӣ дар Паёми соли 2025 бо принсипҳои тавозун, самаранокӣ ва ҳадафнокӣ тавсиф меёбад. Президенти кишвар зарурати истифодаи оқилонаи захираҳои молиявиро дар шароити маҳдудияти буҷетӣ таъкид менамоянд. Чунин равиш ба таҳкими интизоми молиявӣ, коҳиши хароҷоти ғайрисамаранок ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти давлатӣ мусоидат менамояд. Афзалият додан ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ ба рушди сармояи инсонӣ ва иқтисоди воқеӣ замина фароҳам меорад.

Дар Паём бахши хусусӣ ҳамчун шарики стратегии давлат дар рушди иқтисодӣ арзёбӣ шудааст. Дастгирии соҳибкории хурду миёна, коҳиши монеаҳои маъмурӣ ва такмили сиёсати андозбандӣ ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ муайян мегарданд. Рушди соҳибкорӣ ба васеъшавии пойгоҳи андоз, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи даромади аҳолӣ мусоидат мекунад, ки дар маҷмуъ ба устувории иқтисодӣ оварда мерасонад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷӣ ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати дохилӣ баррасӣ мегардад. Тоҷикистон сиёсати хориҷии мутавозин, прагматикӣ ва ба манфиатҳои миллӣ асосёфтаро пеш мебарад. Аз нуқтаи назари муносибатҳои байналмилалӣ, чунин равиш ба таҳкими эътимоди сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии кишвар мусоидат менамояд.

Дар Паём ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва дипломатияи иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Иштироки фаъол дар лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ метавонад имкониятҳои нави рушди иқтисодиро фароҳам оварад. Аз дидгоҳи илмӣ, дипломатияи иқтисодӣ яке аз абзорҳои муҳими ҳамгироии иқтисодии кишвар дар низоми иқтисоди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.

Хулоса, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади барномавии давлатӣ дорои аҳамияти баланди сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошад. Таҳлили илмии муҳтавои он нишон медиҳад, ки сиёсати иқтисодӣ ва хориҷии кишвар ба рушди устувор, диверсификатсия ва таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон равона гардидааст ва заминаи боэътимодро барои рушди дарозмуддати иқтисоди миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ фароҳам меоварад.

Рустамзода Фитрат Музаффар, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Нурмаҳмадов Замир Мирмаҳмадович, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top