16-уми декабри соли 2025 дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш, сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ вазифаҳои мушаххас муайян намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли таърихӣ номиданд.
Дар баробари самтҳои дар болозикршуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба соҳаи иқтисодиёт, хусусан самти бонкдории кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки корро ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохт тақвият бахшанд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсонӣ дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш дода шавад.
Инчунин, қайд карда шуд, ки дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 143 миллиард сомониро ташкил додааст. Вале ҳамагӣ 38 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ин ҳанӯз кофӣ нест.
Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Дар ин замина, пешниҳод гардид, ки барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон иброз намуданд, ки барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум ва тавсеаи имкониятҳои дастрасии шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекиро такмил дода, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми чунин қарзҳо ба аҳолӣ тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.
Бояд қайд намуд, ки Паёми Сарвари кишвар ҳамчун санади роҳнамо барои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар хизмат намуда, аломати иродаи давлат баҳри устувории рушди миллӣ мебошад. Паёми навбатӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла амнияту ҳамкории минтақавӣ ва мушкилоти глобалӣ нақши фаъол дошта, кишвар ба рушди босубот, пешрафти иқтисоди миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдат ва муносибатҳои байналмилалӣ аҳамияти зиёд медиҳад.
Дар маҷмуъ, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсоз ва роҳнамо барои ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ маҳсуб ёфта, баҳри муайян намудани фардои дурахшон ва суботи ватани азизамон нақши муассир хоҳад гузошт.
Ҳалимов Лоиқ Мирзовалиевич, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи фаъолияти бонкии ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 