ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ: РУШДИ УСТУВОР ВА ДУРНАМОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Бинанда: 48 | Санаи нашр: 18 Декабр 2025

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода шуданд. Аз арзёбии муҳтавои Паёми навбатӣ бар меояд, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеаи кишвар қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахшҳо барои соли 2026 ва ояндаи наздик бо мақсади таъмини рушди устувор вазифагузорӣ шуданд.

Дар паём бисёр масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷа бахшида ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар, аз қабили инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, кишоварзӣ, нақлиёту роҳҳо, таъмини озуқавории мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, соҳаи илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои кишвар, ҳифзи озодиву истиқлолият, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, тарбияи кадрҳои бонуфуз, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолият Ҳукумати кишвар дар ҷодаи муваффақ гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Бо мақсади рушди босуботи соҳаи энергетика дар доираи ин ҳадафҳо дар солҳои истиқлолият дар кишварамон иншоотҳои гидроэнергетикӣ, ба монанди як қатор нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта ба истифода дода шудаанд, ки ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Аҳаммияти Паёми имсолаи Президенти муаззам ҳамзамон, аз он иборат аст, ки дар ин ҳуҷҷат нишондиҳандаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа сабт мегарданд; самтҳои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда мешаванд; идомаи мантиқии сиёсати давлат инъикос мегардад; самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян карда мешаванд.

Ҳамзамон, яке аз хусусиятҳои муҳими Паёми Президенти кишвар аз он иборат буд, ки дар он самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ муайян карда шуданд.

Дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аҳди истиқлолияти давлатӣ ба рушду инкишофи соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷўён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад. Аз тарафи дигар, ба мақсади таъмин намудани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, ҳамзамон, мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, яъне гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ тақозои замон мебошад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад ва дар маҷмуъ соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, он барои рӯз то рӯз баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии сатҳи мухталиф бо мақсади омода сохтани мутахассисони варзида нигаронида шудааст.

Татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ин давра самараи хуб дода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои мусоид фароҳам овард.

Аз тарафи дигар, тарбияи хештаншиносӣ ва миллӣ дар ҳар як шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли онро ташаккул медиҳад. Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд. Президенти кишвар қайд намуданд, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар умум бояд гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба таъмини рушди устувор, беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нигаронда шудааст. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри таъмини сулҳу субот дар ҷаҳон, муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва экстермизми хушунатомез ва дигар масоили глобалӣ фаъолона дар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок хоҳад намуд.

Дар фарҷоми арзёбии Паёми Президенти кишвар ҳамин нуктаро қайд кардан бамаврид аст, ки шаҳрвандон аз ин ҳуҷҷати тақдирсоз илҳом гирифта, барои созандагиву ободкорӣ бо рӯҳияи баланди ватандорӣ камари ҳиммат мебанданд. Барои амалӣ сохтани нақшаҳои гузошташуда танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамуда наздик мекунад. Мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти кишварамон аз уҳдаи бартараф кардани ҳамаи мушкилот ва иҷрои ҳама гуна амалҳои нек мебароянд. Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонида, барои зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа шароити мусоид фароҳам меоранд.

Мо дар он ақидаем, ки ҷомеаи мо кӯшиш хоҳад кард, ки бо дастовардҳои назарраси худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намоянд. Ҳамзамон, мо ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорем.

 

Раҷабов Раҷаб Кучакович, д.и.и., профессори кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top