Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мақому манзалати зан ҳамчун тарбиятгари насли наврас мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 16.12.2025 қайд намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем.
Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”.
Дар фарҳанги тоҷикӣ зан пеш аз ҳама модар ва тарбиятгари насл шуморида мешавад. Нақши ӯ дар нигоҳдории арзишҳои миллӣ, ахлоқ ва суботи оила хеле муҳим аст.
Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мавқеи занон сол то сол таҳким меёбад. Зан имрӯз на танҳо модар ва тарбиятгари насл, балки иштирокчии фаъоли ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маърифатии кишвар мебошад. Иштироки занон дар сиёсат ва маориф омили муҳими пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар соҳаи сиёсат занон тадриҷан ба идоракунии давлатӣ ҷалб мешаванд. Онҳо дар мақомоти қонунгузор, идораҳои иҷроия ва сохторҳои маҳаллӣ фаъолият доранд. Ҳузури занон дар сиёсат ба ҳифзи манфиатҳои иҷтимоӣ, таҳкими адолат ва баррасии масъалаҳои марбут ба оила, кӯдак ва ҷомеа мусоидат мекунад. Бо вуҷуди ин, зарурати зиёд кардани шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарӣ ҳанӯз вуҷуд дорад.
Соҳаи маориф бошад, яке аз самтҳои муҳимтаринест, ки занон дар он нақши асосӣ мебозанд. Аксари омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ занон мебошанд. Онҳо дар тарбия ва омӯзиши насли нав саҳми бебаҳо мегузоранд. Имрӯз духтарон ба таҳсилоти олӣ бештар ҷалб шуда, ҳамчун устод, олим ва роҳбари муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд.
Хулоса, занон дар сиёсат ва маорифи Тоҷикистон мавқеи арзанда доранд. Бо фароҳам овардани шароити мусоид, дастгирии давлат ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа, зан метавонад дар рушди кишвар нақши боз ҳам бузургтар бозад, зеро зани донишманд ва фаъол - такягоҳи ҷомеаи пешрафта мебошад.
Дар масири дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми зан-модар дар тарбияи насли наврас, мо зарур мешуморем, ки корро дар ин самт ривоҷу равнақ диҳем, то ки тарбияи насли ояндаи кишварро дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монем.
Мо, занону бонувон ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар зиндагӣ сармашқи кори худ қарор дода, барои тарбияи насли наврас ва ободиву гулгулшукуфоии ватани азизамон сайъю кӯшиш менамоем.
Ғаюрӣ Раъно Саидмурод, н.и.и., мудири кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 