РАҚАМИКУНОНИИ МАЪМУРИКУНОНИИ НИЗОМИ АНДОЗ ТАЛАБИ ЗАМОН

Бинанда: 26 | Санаи нашр: 17 Декабр 2025

Чун анъана, ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар назди вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд.

Дар Паёми навбатӣ, ки 16-уми ноябри соли 2025 баргузор гардид, вазъи сиёсии ҷаҳон ва Тоҷикистон, рушди иқтисодии мамлакат ва дастгирии давлатии соҳаи иҷтимоӣ нуктаҳои басо арзишманд иброз гардида, таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаҳои мазкур сурат гирифт.

Қайд карда шуд, ки вазъи иқтисодии мамлакат сол то сол тақвият ёфта, қариб ҳамаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир ба маротиб рушд ёфтаанд. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар панҷсоли охир ба ҳисоби миёна 7,6% рушд ёфтааст, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои баланд дар миқёси минтақа ва ҷаҳон маҳсуб мешавад. Дар баробари ин, иқтидори буҷети давлатӣ низ сол аз сол афзун гашта, ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоии мардум оварда расонид, ки ин дар ҳамасола боло бурдани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ то 30% зоҳир ёфта, шароити зисту зиндагонии онҳоро боз ҳам беҳтар менамояд.

Бо чунин суръат афзоиш ёфтани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ба он оварда мерасонад, ки дар солҳои наздик ин нишондиҳанда ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад, ки ноил гаштан ба чунин нишондиҳандаҳо аз сатҳи даромади буҷети давлатӣ вобастагӣ дорад.

Дар ҳамин росто, андоз, ки манбаи асосии даромади буҷети давлатӣ маҳсуб мешавад, бояд одилона буда, маъмурикунонии он бо технологияҳои пешрафта ба роҳ монда шавад, ки ин нуктаҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём чунин қайд намуданд: ”То имрӯз барои такмили маъмурикунонии андоз, тавсеаи ҳамкориҳои фосилавӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва густариши иқтисоди рақамӣ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025» як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд”.

Дар доираи барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи рақамикунонии соҳа дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои тақвият ёфтани он имкониятҳои нав ба нави онро бояд ҷуст. Бо ин мақсад Сарвари мамлакат Ҳукумати ҷумҳуриро вазифадор намуданд, ки “Бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд”.

Инчунин қайд карда шуд, ки “Ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон чораҳои иловагӣ андешанд”.

Барои рақамикунонии маъмурикунонии андоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Тадбирҳои амалигардида ба рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои электронии давлатӣ, соддагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва болоравии фарҳанги андозсупории соҳибкорон мусоидат намуданд”.

Дар шароити рушди равандҳои рақамикунонии иқтисодиёт масъалаи ҷустуҷӯи роҳҳои таҳким ва такмили маъмурикунонии низоми андозбандӣ аҳамияти махсус пайдо карда, дар самти муайян намудани самаранокии фаъолияти ниҳодҳои мақомоти андоз интихоби критерия (меъёр)-ҳои муфиди баҳодиҳиро тақозо менамояд.

Хуллас, бо ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар самти маъмурикунонии андоз раванди муносибатҳо бо андозсупорандагон сода гардонида шуда, ба онҳо имконият фароҳам оварда мешавад, ки вақти худро бештар ба самти фаъолияти асосиашон равона намуда, фарҳанги андозсупориро баланд бардоранд.

 

         Қурбонов Абдукарим Раҳимович, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, н.и.и., дотсент

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top