СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 50 | Санаи нашр: 17 Декабр 2025

16-уми декабри соли 2026 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба мақоми олии қонунгузории мамлакат - Маҷлиси Олӣ ироа гардид.

Дар Паёми Пешвои миллат сиёсати иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат ҳисобида шуда, ба таъмини зиндагии шоиста, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсӣ самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат барои солҳои минбаъда низ баррасӣ гардидаанд.

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои сиёсати иҷтимоии солҳои қаблӣ таҳлил гардида, вазифаҳо ва афзалиятҳои нави давлат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазир мушаххас гардиданд..

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ самти муҳимми Паём ба ҳисоб рафта, тадбирҳои солҳои охир амалигардида ба рушди ин соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшиданд.

Масалан, агар ҳиссаҷудокунии молиявӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 ба маблағи 20,9 миллиард сомонӣ таъмин гардида бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2026 дар ҳаҷми 29,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 8,7 миллиард сомонӣ ё 41,8 фоиз зиёд мебошад.

Роҳбари давлат дар Паёми худ дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоянд.

Таъкид намуданд, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.

Ба ибораи дигар, дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат шумориданд.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки сиёсати иҷтимоӣ бояд пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона карда шавад. Давлат масъалаҳои зиёд намудани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва кӯмакпулиҳоро ҳамчун омили муҳимми таъмини адолати иҷтимоӣ баррасӣ менамояд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ супориш додаанд, ки бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия карда шаванд.

Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби давлат андешида мешаванд.

 

Комилҷон Алимов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top