ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МУЖДА АЗ САОДАТИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

Бинанда: 29 | Санаи нашр: 16 Декабр 2025

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян карда шуда, доир ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва варзиш вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Муждаи неку боварибахш дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи қадамҳои устувор ва рушди бемайлони нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии кишвар дар шароити зудтағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон мебошад.

Дар Паём зикр гардид, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта зиёд гардид. Дар соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.

Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.

Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш ёфт.

Зимни ироаи Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад.

Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия карда мешаванд.

Ҳамзамон бо ин, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ самти муҳимми фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва тадбирҳои солҳои охир амалигардида ба рушди ин соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ инчунин иброз гардид, ки пешравии ҳар гуна ҷомеа ба илм вобаста аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои рушди он заҳматҳои зиёд намуда истодааст, зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафта вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».

Воқеан, рушди илму маориф шарти асосии пешрафти тамоми соҳаҳо ва муҳимтарин омили таъмини рушди иқтисод ва суботи иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Боиси қайд аст, ки аз ҷониби Президенти кишвар дастгирии таҳқиқоти илмӣ ба воситаи боло бурдани ҳаҷми маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмию таҳқиқотӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои таълимию илмӣ бо сохторҳои истеҳсолӣ дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ гардид.

Дар Паёми навбатӣ Президенти мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои ваколатдори соҳаи илму маориф супориш доданд, ки бо мақсади таъмин намудани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, инчунин, мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, яъне гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ тақозои замон мебошад.

Президенти кишвар зимни ироаи Паём зикр намуданд, ки «Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам. Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар 34 соли сипаришуда рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо сабру таҳаммул ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ паси сар карданд, қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад».

Дар маҷмуъ, Паёми навбатии Президенти мамлакат барои тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, молиявию иқтисодӣ, дигар субъектҳои хоҷагидорӣ сармашқи кор ва дастури роҳнамо баҳри ҳар чи тезтар амалигардонии ҳадафҳои стратегии Ҳукумат ва дар ин замина, муҳайё намудани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар маҳсуб ёфта, он бозгукунандаи сиёсати созандагиву бунёдкории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Қурбоналӣ Кабутзода, декани факултети молия ва қарз, н.и.и., дотсент

Баҳодур Дустматов, мудири кафедраи молия, н.и.и., дотсент

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top