Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 16 декабри соли 2025 баргузор гашт, қайд намуданд ки: “Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Парламенти кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд”.
Фаъолияти бонизоми иқтисоди рақамӣ ба шабакаи интернети баландсуръат ниёз дорад. Дар ин росто Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон зикр намуданд: “Зарур аст, ки ҷиҳати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ чораҳои фаврӣ андешида шаванд”. Хадамоти алоқа вазифадор карда шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Дар ҷаҳони муосир давлатҳои абарқудрат ба таври васеъ аз технологияҳои рақамӣ истифода мебаранд. Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар самти идоракунии давлатӣ ва кам кардани таъсири омилҳои инсонӣ ба раванди фаъолият дар соҳаҳои мухталиф аз ҷумлаи онҳост. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем”. Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гаштанд, ки корро ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохт тақвият бахшанд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гашт, ки бо мақсади пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.
Дар ин раванд, омода кардани барномасозон ва дигар мутахассисони зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ шуда, тавассути ҳавасмандгардонӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ кадрҳои баландихтисоси миллӣ рӯйи кор меоянд.
Бо мақсади беҳтарсозии сифати омодагии кадрҳо дар самти технологияҳои рақамӣ ва зиёд намудани шумораи мутахассисони дар ин самт Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ супориш гирифтанд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор диҳанд.
Дар умум, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ҷумҳурӣ метавонад ба беҳтар шудани сифати хизматрасониҳо ва болоравии сатҳи иҷтимоӣ мусоидат намояд.
Рухшона Муродова, омӯзгори кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёти ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 