ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ НЕРУИ БАРҚ НИШОНАИ МАДАНИЯТИ БАЛАНДИ ШАҲРВАНДИСТ

Бинанда: 28 | Санаи нашр: 12 Декабр 2025

Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо дастгирӣ ва масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми энергетикии мамлакат тадбирҳои муассир, аз ҷумла бунёд, навсозию барқароркунии иқтидори истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ бомаром амалӣ шуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки истифодаи сарфакорона ва пешгирии талафоти неруи барқ маънои маҳдуд кардани истифодаи онро надорад. Ҳадаф ин аст, ки неруи барқ мақсаднок ва оқилона истифода шавад. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам баъзе шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар истифодаи неруи барқ ба бемасъулиятӣ ва бепарвоӣ роҳ медиҳанд, ки дар натиҷа ба буҷети онҳо  таъсири манфӣ мерасонад.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, “сокинон бояд истифодаи сарфакоронаи неруи барқро, хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон хуб дарк намоянд. Агар ҳар шаҳрванд неруи барқро сарфакорона истифода барад, дар обанборҳо ҳаҷми зарурии об захира гардида, шаҳрвандон фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар менамоянд. Мо бояд ба маданияти истифода ва сарфакоронаи неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд”.

Имрӯз шукронаи истиқлолият бояд кард, зеро дар замони истиқлолият зиндагии мардум хеле ҳам беҳтар гардид. Сохтани неругоҳҳо боиси пешравии иқтисодиёту амнияти иҷтимоӣ мегардад. Мо худ шоҳидем, ки дар солҳои аввали истиқлолият зимистонҳо нисфи аҳолии кишвар ба қувваи барқ дастрасӣ надоштанд. Имрӯз бошад ин масъала ҳалли худро ёфтааст ва моро зарур аст, ки неруи барқро сарфакорона ва мақсаднок истифода намуда, дар ин самт миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем.

Бояд қайд кард, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва рӯ ба тараққӣ ниҳодани давлати навбунёди миллӣ инфрасохторҳои энергетикии кишвар рушд ёфта, имкониятҳо фароҳам омад, ки як қатор лоиҳаҳо амалӣ карда шуда, системаи ягонаи энергетикӣ таъсис дода шавад. Имрӯз барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсаду ниятҳои неку дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат, истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ бунёд карда шудаанд, ки дар рушду нумӯи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кӯмак мерасонад.

             Истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, пешгирии талафоти неруи барқ ва саривақт пардохт намудани маблағи истифодаи он масъулияти баланди шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, саҳми ҳар яки моро дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ бештар мегардонад.

         Дар чунин маврид ҳам буҷети корхонаю муассисаҳо ва ҳам оилаҳои шаҳрвандон фоида дида, неруи барқ беҳуда сарф намегардад ва талафоти он пешгирӣ карда мешавад. Барқ маҳсулот аст ва ягон маҳсулот бе меҳнат ва ройгон ба даст намеояд. Аз ин рӯ, истифодаи сарфакоронаю пешгирии талафоти неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи он нишонаи маданияти баланди шаҳрвандист.

 

Баҳодур Дӯстматов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молияи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top