ПАРЧАМ МУҶАССАМИ АСОЛАТИ МОСТ

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 24 Ноябр 2025

Ҳазорсолаҳо пеш аз ин дар рӯзгори аҷдодони гузаштаи ориёии мо рӯйдоди бузурге ба амал омад, ки баъдан тамоми рафти давлатдорӣ, таърих, фарҳанг ва зиндагиномаи халқи моро мазмуну мундариҷаи тоза бахшид. Бино ба ахбороти сарчашмаҳо, дар ин айём мардуми бо ору номус ва далеру шуҷои ориёӣ, ки аз зулму бедодгарии Заҳҳоки Морон ба шӯр омада буданд, бар зидди Заҳҳок ва қувваҳои аҳриманӣ бархостанд. Коваи Оҳангар, ки сарварии ин қиёми мардумиро ба дӯш дошт, пешдомани чармии худро ба сари найза баст ва дар зери ин парчам – “Дирафши Ковиёнӣ” ба назди яке аз подшоҳони машҳури Пешдодиён Фаридун омад.

 “Дирафши Ковиёнӣ” парчами давлатии шоҳони қадими Эрон, махсусан шоҳони сосонӣ буда, аз хусуси он дар осори исломии форс-тоҷик сухан рафтааст. Чуноне сарчашмаҳо далолат медиҳанд, ин парчам аз пӯсти ҳайвонот тайёр шуда, бо зару гавҳар ороиш ёфта будааст. Шоҳони сосонӣ “Дирафши Ковиёнӣ”-ро дар сафарҳои ҳарбӣ ва муҳорибаҳо ҳамеша аз пешгоҳи сипоҳ мебурданд ва ба дасти душман ғанимат афтодани он нишонаи шикаст ва мағлубияти давлат будааст. Бинобар ин вай муқаддас ба ҳисоб мерафт ва дар вақти муҳориба ва ҷанг дар баландие дар дасти паҳлавони тавоное меистод, ки онро ҳам ҳифз мекард ва ҳам парафшон менамуд.

 Дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ асли баромади “Дирафши Ковиёнӣ”-ро аз ҳамон парчами чармии Коваи Оҳангар донистаанд, ки ӯ бо ин парчам бар зидди Заҳҳоки Морон исён карда буд. Аз ин рӯ, мувофиқи гуфтаи Фирдавсӣ пас аз шикасти Заҳҳок Фаридун парчами чармии Коваро ба зару гавҳар ороиш дод ва онро “Дирафши Ковиёнӣ” номид.

 Ҳамин тариқ, парчамсозии мардумони ориёӣ аз давраи давлатдории Пешдодиён ва Кайёниён арзи ҳастӣ карда, он аз оғози давлатдории ҷомеаи башарӣ башорат медиҳад. Ин шаҳодати он аст, ки халқи тоҷик аз қадим соҳиби рамз ва нишонаҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатии худ буд.

 Дар баробари Парчами давлатӣ, дар замони бостон то ба имрӯз саркардагон, инчунин, паҳлавонон низ дорои парчами худ буданд, ки ин парчамҳо инъикосгари муҳорибаҳои онҳо буданд. Барои мисол, дирафши Ҷамшед аз пӯст бо акси шери болдор ва офтоби шӯъладор иборат буд. Дар дирафши Заҳҳок ду мор тасвир ёфта буд. Сари дирафши Рустамро шер ва худи онро аждари ҳафтсар оро медод. Ин анъана то ба ин рӯз побарҷост.

 Ливо ва нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазъи ҳуқуқии онҳоро Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 №192 “Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба танзим медарорад.

 Қонуни мазкур аз 8 модда иборат буда, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир ва тартиби истифодаи расмии рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Тибқи моддаи 2-и Қонуни мазкур Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матои махмалини хоси росткунҷаест, ки аз се рахи уфуқии ҳамранги Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Паҳноии рахҳои сурху сабзи болою поён бо ҳам баробар буда, паҳноии рахи сафед якуним баробари яке аз рахҳои рангаро ташкил медиҳад. Даври Ливо бо ресмони зарҳалин дастдӯзӣ ва бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст. Дар маркази Ливо тасвири “Дирафши Ковиёнӣ” омадааст, ки он нишони хос ва босуботи давлатдории миллӣ аз даврони қадим аст. Дар қисми болоии “Дирафши Ковиёнӣ” найза тасвир ёфтааст, ки рамзи ирода ва қудрати ҳифзи давлат мебошад. Қисмати чаҳоргонаи “Дирафши Ковиёнӣ” чаҳор тарафи ҷаҳонро таҷассум мекунад, ки рамзи равобити нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳо ва халқҳо аст. Дар дохили “Дирафши Ковиёнӣ” чаҳор шохаи марғула дар даври Хуршед ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, даври замин ва аносири коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошанд. Дар маркази “Дирафши Ковиёнӣ” шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукӯҳи давлат дар замину осмон тасвир ёфтааст. Дар болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст. “Дирафши Ковиёнӣ” бо ресмонҳои ранги зарҳалин дар ҳар ду ҷониби Ливо дастдӯзӣ гаштааст.

 Ҳамин тариқ, тамоми таърихи давлатдории мо дорои рамзҳои худ ва инъикосгари рӯзгори аҷдодони гузаштаи мо мебошанд. Рамзҳои давлатии мо муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварро дар рӯҳи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ, ватану ватанпарастӣ тарбия менамоянд.

 Бешак, Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Зикулоева Оростамо Сайдуллоевна, муаллими калони кафедраи забонҳо

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top